Омодагии Русия барои фиристодани кӯмакҳои пизишкӣ ба Тоҷикистон
(last modified 2020-10-17T14:37:26+00:00 )
Октябр 17, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Русия дар сурати ниёзи Тоҷикистон кӯмакҳои пизишкӣ ба Душанбе мефиристад
    Русия дар сурати ниёзи Тоҷикистон кӯмакҳои пизишкӣ ба Душанбе мефиристад

Мақоми Вазорати тандурустии Русия аз омодагии кишвараш барои фиристодани мутахассис ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо корона хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ройзании Ғафур Муҳсинзода муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон ва Наталя Юрова мутахассиси аршади бемориҳои уфунии Вазорати тандурустии Русия, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ анҷом шуд, масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза бо Ковид - 19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин ройзанӣ мудирон ва масъулони идораҳои тандурустии шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон низ ширкат ва дар бораи таҷрибаҳои ба даст оварда дар дармони беморони Ковид -19 табодули назар карданд .

Мутахассиси аршади бемориҳои уфунии Вазорати тандурустии Русия дар бораи таҷрибаҳои тарафи русӣ дар мубориза бо Ковид -19, тадбирҳое андешидашуда дар ин кишварро барои ташхиси сариъи беморон ва натоиҷи аввалияи озмоиши ваксинаи русии зидди корона итилоъ дод.

Хонум Наталя Юрова таъкид кард: "Русия барои кӯмак ба Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо вируси корона омодааст ва дар сурати лузум мутахассис ва таҷҳизот ба ин кишвар ирсол хоҳад кард."

 

  •  бештар бихонед:

Ҳушдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мардуми кишвар

Зарурати ислоҳоти сохторӣ дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус

Посухи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба дархости  ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар

Русия ниёзи Тоҷикистонро ба ваксина таъмин мекунад

Барчасп