Коҳиши 62 дар садии сафари хориҷиҳо ба Тоҷикистон
(last modified Sat, 17 Oct 2020 17:14:10 GMT )
Октябр 17, 2020 22:14 Asia/Dushanbe
  • Корона сафари хориҷиҳоро ба Тоҷикистон 62 дар сад коҳиш додааст
    Корона сафари хориҷиҳоро ба Тоҷикистон 62 дар сад коҳиш додааст

Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши 62 дар садии сафари хориҷиҳо ба ин кишвар дар 9 моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар ин муддат 355 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 62 дар садиро нишон медиҳад.

Аз ин теъдод 317 ҳазор нафар ба унвони гардишгар вориди Тоҷикистон шудаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 ин шохис бо коҳиши 63 дар сади рубарӯ шудааст ва иллати он низ густариши вируси корона эълом мешавад.

Бар ин асос дар 9 моҳи имсол 337 ҳазор нафар аз кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ва 18 ҳазор нафар хориҷӣ дур ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

Дар ин муддат 237 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 47 ҳазор нафар рус, 41 ҳазор қирғиз, 7 ҳазор қазоқ, 4 ҳазору 500 нафар афғон, 2 ҳазору 600 нафар чинӣ, 2 ҳазору 200 нафар турк, ва як ҳазору 100 нафар эронӣ вориди Тоҷикистон шудаанд.

Аз сӯи дигар 710 ҳазор низ дар ин муддат аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 57 дар садиро нишон медиҳад.

 

  • бештар бихонед :

Ҷуброни зарари корона ба бахши гардишгарии Тоҷикистон чӣ қадар тул мекашад?

Коҳиши 45 дарсадии вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Тавсияи Вазорати умури хориҷаи Амрико ба шаҳрвандони худ: Ба Тоҷикистон сафар накунед