Октябр 18, 2020 12:44 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мутахаллифон дар фазои маҷозиро ба ҷарима ва кори иҷборӣ маҳкум мекунад
    Тоҷикистон мутахаллифон дар фазои маҷозиро ба ҷарима ва кори иҷборӣ маҳкум мекунад

Қонуни муҷозоти интишори матолиби барангехтани адовати миллӣ, динӣ ё мазҳабӣ ва тавҳин ба шахсиятҳо дар фазои маҷозӣ дар Тоҷикистон ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар тағйир кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Вазири адлияи Тоҷикистон гуфтааст, ки ахиран Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур қонуни муҷозоти муттаҳамон ба итиншори матолиби барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ ва тавҳин ба шахсиятҳо дар интернет ва фазои маҷозиро тағйир додааст.

Музаффар Ашӯриён афзуд, бар асоси ин тағйирот, пардохти ҷаримаи молӣ ва 5 то 10 рӯз кори иҷборӣ ҷойгузини маҳкумият ба зиндон шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки ин иқдом мӯҷиб хоҳад шуд, ки сокинони Тоҷикистон авоқиби интишори ин навъ матолибро дарак кунанд.

Пеш аз ин даҳҳо нафар дар Тоҷикистон ба ҷурми изҳори назар дар бораи бархе матолиб дар фазои маҷозӣ ба зиндон маҳкӯм шудаанд.

Дар мавориде низ афроде, ки дар хориҷ даст ба чунин иқдоме задаанд, ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон боздошт  ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Гугл ҳам дар Тоҷикистон шуд

 

Иҷроӣ шудани қонуни муҷозот барои таблиғи терроризм дар Тоҷикистон

 

 CМасдуд шудани сомонаи “CA-News” дар Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

Барчасп