Ёвониҳо як тонн оши палав пухтанд
Ҳамзамон бо ҷашни Меҳргон ва ба шукронаи бардошти маҳсӯлоти кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон аз як тон биринҷ, палави тоҷикӣ пухта шуд.
Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, дар чорчӯби ин барнома, мусобиқа пухти беҳтарини палав, беҳтарин ошпаз ва беҳтарин палавхӯр низ баргузор шуд.
Масъулони баргузоркунандаи ин озмун эълом карданд, ки ошпазҳои ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба унвони беҳтарин таҳиякунандагони палави тоҷикӣ ва барандагони ин мусобиқа муаррифӣ шудаанд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ҷашни Меҳргон эълом кард, ки дар 9 моҳи гузашта кишоварзони ин минтақа муваффақ ба бардошти 824 ҳазор тон гандум, беш аз якмиллиону 235 ҳазор тон сабзиҷот, 262 ҳазор тон ангур ва 531 ҳазор тон меваҳои мухталиф шудаанд.
Ҷашни Меҳргон ба шукронаи бардошти маҳсӯлоти кишоварзӣ ҳамасола дар тамоми марокизи вилоятҳои Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
БЕШТАР БИХОНЕД: