Октябр 13, 2016 10:26 Asia/Dushanbe
  • 825 миллион сомонӣ ба буҷаи давлати Тоҷикистон пардохт нашуд

Раиси Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон аз пардохт нашудани 825 миллион сомонӣ ( 104 миллиону 400 ҳазор доллар) ба буҷаи давлати ин кишвар, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сойти CA News,  Нусратуллоҳ Абдуллоҳзода ин матлабро дар нишасти ахири Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳангоми баррасии ислоҳияи қонуни молиёт дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Вай далели кам вориз шудани молиёт ба буҷаи давлати Тоҷикистонро, нотавонии молиётии пардохткунандагон дар ин кишвар медонад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 30 дарсад аз фаъолони иқтисодии ин кишвар аз тавони пардохти молиёти хеш бархӯрдор нестанд. Бар асоси гузорише, ки қаблан ин кумита мунташир карда буд, дар Тоҷикстон ширкати давлатии "Барқи тоҷик" аз бузургтарин қарздрони молиётӣ ба ҳисоб меояд, ки мизони қарзии он ба Вазорати дороии Тоҷикистон ва нерӯгоҳҳои барқӣ обии Сангтуда 1 ва 2, 12 миллиард сомонӣ мебошад. Аз сӯи дигар, коршиносон яке аз далоили умдаи мушкили пардохти молиёт дар Тоҷикистонро, сангин будани мизони молиёт дар ин кишвар унвон мекунанд, ки аз ин нигоҳ, ин ҷумҳурӣ дар радифи 5 кишвари дорои болотарин мизони молиёт дар дунё қарор дорад.