Тоҷикистон чигуна аз буҳрони иқтисодӣ хориҷ шавад?
(last modified 2020-10-20T05:10:05+00:00 )
Октябр 20, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Алег  Багданов: рушди иқтисодии Тоҷикистон коҳиш меёбад
    Алег Багданов: рушди иқтисодии Тоҷикистон коҳиш меёбад

Иқтидоддони рус афзоиши содиротро танҳо роҳи хуруҷи Тоҷикистон аз буҳрони иқтисодии бархоста аз густариши коронавирус медонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Алег Бегданов гуфтааст, ки Тоҷикистон ба далели густариши коронавирус ва маҳдудиятҳои иҷрошуда дар фаолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо хориҷ бо коҳиши рушди иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Вай афзуд: Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон имсол як аз даҳ шаш дарсад хоҳад буд, ки дар соли 2019 ин шохис наздик ба 5 дарсад буд.

Иқтисоддони рус таъкид кард: Тоҷикистон метавонад бо содироти бештари алюмин, пахта ва ба вижа сангҳои нимақиматӣ, вазъияти иқтисодии худро пас аз пушти саргузоштани оқибатҳои ногувори густариши КОВИД-19 беҳбуд бахшад.

Тоҷикистон дар соли 2020 содироти сангҳои қиматӣ, нимақиматӣ ва филизҳои гаронбаҳоро дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 48 дарсад афзоиш додааст.

Бештар бихонед:

Барчасп