Афзоиши нигаронии муштариёни Бонки сармоягузории кишоварзӣ аз сарнавишти супурдаҳояшон
-
Бонки сармоягузории кишоварзӣ аз муштариён 750 миллион сомонӣ қарздор аст
Оғози тахриби сохтмони аслии бонки бӯҳронзадаи сармоягузории Кишоварзии Тоҷикистон ба муштариёни молбохта аз сарнавишти супурдаҳояшон доман задааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Пурсои Тоҷикистон, тахриби бинои асосии бонки буҳрон дучоршуда дар Душанбе шурӯъ шуд ва касе барои муштариёне, ки дар панҷ соли охир натавонистанд пасандозҳояшонро аз бонк бозпас бигиранд, ҳеҷ масъуле посухгӯ нест.
Мақомоти банки миллии Тоҷикистони ахиран бо ради дархости сандуқи байналмилалии пул барои эъломи варшикастагии ин банк гуфта буданд : банки сармоягузории кишоварзӣ ба муштарёнаш 750 миллион сомонӣ қарз дорад ва амволу сохтмонҳои идории ӣнин ниҳод ба фурӯш гузошта шудааст.
-
Сандуқи Байналмилалии Пул: бонкҳои содирот ва сармоягузории кишоварзӣ варшикаста эълом шаванд
-
Бонки Миллиии Тоҷикистон ду бонки бӯҳронзадаро варшикаста эълом намекунад
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки то лаҳзаи ҳисоббаробаркунӣ бо мизоҷон аз литсензия худдорӣ мекунанд.
Дар айни ҳол, иқтисоддони тоҷик Илҳом Шарифӣ мегӯяд, варшикастагии бонк ба манфиати ҳукумати Тоҷикистон нест, зеро қисмате аз саҳмияҳои бонкҳои гирифтори бӯҳрон моликияти давлатӣ мебошанд ва ҳукумати Тоҷикистон маҷбур аст пас аз варшикастагии Бонки сармоягузории кишоварзӣ қарзи муштариёнро ҳал кунад. Аммо ӯ чунин маблағеро надорад.
бештар бихонед:
-
Ошнобозӣ, далели варшикастагии чандин бонк ва муассисаи молӣ дар Тоҷикистон
-
Хонавода раиси Бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон ба фирори молиётӣ муттаҳам шуд