Эҳтимоли озодии машрути Далер Шарифов - рӯзноманигори зиндонии тоҷик
Мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз эҳтимоли озодии машрути Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар чанд рӯзи оянда хабар дод.
Ба гузориши сомонаи "ТОП ТҶ", ин мақомот гуфтаанд, ки барои баррасии дархости озодии машрути Далер Шарифов, ки ба иттиҳоми ҳимоят аз афкори гурӯҳи "Ихвоналмуслимин", барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ ба як сол зиндон маҳкум шуда ва дар зиндони ноҳияи Ёвон давраи маҳкумияти худро сипарӣ мекунад, ба 10 рӯз замон ниёз аст.
- Радди дархости озодии қабл аз муҳалти Далер Шарифов
- Додгоҳ дархости озодии муваққати Далер Шарифовро рад кард
Озодии машрути Далер Шарифов ба маънии сабти ҳузури ҳамарӯзаи вай дар маҳалли сукунаташ хоҳад буд.
Шарҳи иттиҳомоти Далер Шарифов
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 17 апрел Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавон ва шинохташудаи ин кишварро ба як сол зиндон маҳкум кард.
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон муддаиянд, ки Далер Шарифови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлаб бо муҳтавои ифротгароиро мунташир ва дар соли 2019 низ ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисоле бо унвони "Муҳаммад (с)" ба теъдоди 100 нусхаро бар асоси ақоиди гурӯҳи мамнуаи "Ихвоналмуслимин" тадвин кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Далер Шарифов дар ин рисола талош кардааст иттиҳоми иртиботи терроризм бо дини Исломро рад кунад.
Созмонҳои ҷаҳонии Дидабони Ҳуқуқи Башар ва Гузоришгарони Бидуни Марз бо беасос хондани иттиҳомоти Далер Шарифов, аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки вайро бидуни қайду шарт озод кунад.
Бештар бихонед:
- Тавзеҳи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Далер Шарифов
- Рӯзноманигори тоҷик барандаи ҷоизаи Ҳамоиши аврупоии рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Маҳкумияти як сол ҳабс барои рӯзноманигори тоҷик