Хатари шиддатёбии корона дар Тоҷикистон; Ҳушдорҳо ҷиддӣ аст
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон аз эҳтимоли афзоиши беморони Ковид -19 дар ин кишвар дар фасли зимистон ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Бахтигул Қориева намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон гуфт: "Коҳиши маҳдудиятҳо, муроот накардани фосилаи иҷтимоӣ ва ниқоб напӯшидан метавонад дар моҳи январи соли 2021 теъдоди ҷонбохтагон аз Ковид -19-ро дар Тоҷикистон муқоиса бо баҳори соли 2020 то чаҳор баробари афзоиш диҳад.»
Вай бо ишора ба натоиҷи озмоишҳои анҷомшуда дар мавриди афроди мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон, эҳтимоли интиқоли вируси корона ба афроди солхӯрда дар ин кишвар ва афзоиши талафот бар асари ин бемориро, ки дар пайи нодида гирифтани тавсияҳои беҳдоштӣ афзоиш хоҳад ёфт , нигаронкунанда донист.
Аз дидгоҳи хонум Қориева ба далели афзоиши теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон ва дигари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ба далели фарорасии фасли сармо густариши бештарӣ пайдо кунад.
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон таъкид кард, ки бояд маҳдудиятҳои иҷрошуда шиддат ёбад ва аз баргузории ҳар навъ таҷаммӯъ, ки мӯҷиби густариши вируси корона мегардад, ҷилавгирӣ шавад.
Бештар бихонед: