Тарҳи буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021
(last modified Wed, 28 Oct 2020 06:01:11 GMT )
Октябр 28, 2020 11:01 Asia/Dushanbe
  • Буҷети Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 6 дарсад афзоиш меёбад
    Буҷети Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 6 дарсад афзоиш меёбад

Мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон дар нишасте ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон тарҳи буҷети соли 2021-и ин кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли оянда 27 миллиарду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷети имсол як миллиарду 600 миллион сомонӣ баробар бо  6 аз даҳ 1 дарсад бештар аст.

Бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон низ барои соли 2021 ба мизони 20 миллиарду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷети имсол як миллиард сомонӣ бештар аст.

Ҳамчунин барои бахши ҳазинаии буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда 28 миллиарду 100 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст.

Бар асоси ин тарҳ 18 миллиарду 800 миллион сомонӣ аз бахши даромадии буҷети соли оянда аз дарёфти андоз ва як миллиарду 400 миллион сомонӣ аз дигар манобеъ ва кумакҳои билоивази байналмиллалӣ таъмин хоҳад шуд.

Дар буҷети давлати Тоҷикистон барои соли оянда 13 миллиарду 200 миллион сомонӣ барои бахшҳои иҷтимоӣ дар назар гирифта шуда, ки 47 дарсад аз кулли буҷет аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп