Таътилии беш аз ниме аз марказҳои тавлидӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд
(last modified Wed, 28 Oct 2020 07:37:23 GMT )
Октябр 28, 2020 12:37 Asia/Dushanbe
  • Дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд фақат 11 воҳиди тавлидии фаъол мондааст
    Дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд фақат 11 воҳиди тавлидии фаъол мондааст

Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кард ки дар 9 моҳи гузашта аз 27 маркази тавлидӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд фақат 11 корхона фаъол буда аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, дар ин муддат корхонаҳои фаъол дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд муодили 109 миллион сомонӣ (10 миллиону 600 ҳазор доллар) маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш 4,3 дарсад коҳиш нишон медиҳад .

Ин дар ҳоле аст, ки дар ин минтақа 29 маркази тавлидӣ сабти ном шуда, ки 24 коргоҳи он мутаъаллиқ ба Тоҷикистон ва  5 марказ муштарак бо Туркияву Полша аст .

 

Аз сӯи дигар тавлиди коло дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, дар вилояти Хатлон аз ибтидои имсол 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ва дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ 48 ҳазор сомонӣ арзиши молӣ ба ҳамроҳ доштааст.

Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим дар вилояти Бадахшон дар марзи муштарак ин кишвар бо Афғонистон низ бо гузашти 11 сол аз таъсиси он ҳеч фаъолияте надорад ва минтақаи озоди иқтисодии Кулоб ҳам дар паи таҳдиди ҷорӣ шудани сел , бояд ба макони дигаре интиқол ёбад.

Бештар бихонед: