Октябр 29, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Мизони  маошҳои пардохтнашуда дар Тоҷикистон аз январ то сентябри 2020 ҳудуди 4 миллион доллар афзудааст
    Мизони маошҳои пардохтнашуда дар Тоҷикистон аз январ то сентябри 2020 ҳудуди 4 миллион доллар афзудааст

Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, мизони маошҳои пардохтнашуда дар ин кишвар дар 9 моҳи соли равон 4 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, аз январ то поёни сентябри 2020 наздик ба 7 миллиону 200 ҳазор доллар аз маош ва дастмуздҳо дар кишвар пардохт нашудааст.

Дар ин миён танҳо дар ду моҳи апрел ва августи имсол мутаносибан 15 миллион сомонӣ ва беш аз 10 миллион сомонӣ мизони маоши ақибафтода дар Тоҷикистон сабт шудааст .

Мизони аз ҳама бештар маошҳои пардохтнашуда дар саноати табдилӣ 21 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, сохтмонсозӣ 19 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, истихроҷи конҳо 14 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ва ҳамлу нақл 8 миллиону 700 ҳазор сомонӣ эълом мешавад.

Ҳамчунин кормандони бахши маориф 984 ҳазор сомонӣ ва тандурустӣ 324 ҳазор сомонӣ аз маоши худро дарёфт накардаанд.

Коршиносон мегӯянд, ки густариши КОВИД-19 дар Тоҷикистон муҷиби коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ дар кишвар шуд, ки мушкили пардохти маош ва дастмузди кормандону коргаронро ба дунбол дошт.

Миёнгини маоши моҳона дар Тоҷикистон дар моҳи августи имсол як ҳазору 256 сомонӣ ( муодили 122 доллар ) эълом шуда буд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп