Вазорати тандурустӣ вуҷуди вируси “Кракен” дар Тоҷикистонро рад кард
(last modified Fri, 13 Jan 2023 11:57:32 GMT )
Январ 13, 2023 16:57 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон вируси \
    Дар Тоҷикистон вируси \"Кракен\" вуҷуд надорад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вуҷуди навъи вируси коронаи навпайдо, мавсум ба “Кракен” - ро рад кард.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси коронаи навъи “Кракен” сабт нашудааст.

Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба хабаргузории “Sputnik” гуфт, то ба ҳол ҳеч мавриди гирифтории афрод ё вуруди корнавируси навъи “Кракен” дар Тоҷикистон сабт нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ режими шадиди назорат дар посгоҳҳои марзии кишварро нигаҳ медорад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эътироф карда буд, ки навъи нави Омикрон, мавсум ба “Кракен” хеле ба зудӣ паҳн мешавад, аммо маризон онро ба осонӣ пушти сар мекунанд.

Ин маризӣ то кунун дар Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои аврупоӣ пайдо шуда, дар Русия низ сабт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, гирифтории сокинони кишвар бо навъҳои “А” ва “Б”-и зукком ҳамоно идома дорад. Аммо аз рӯи ин ки муроҷиати мардум ба бунгоҳҳои тиббӣ ва шифохонаҳо камтар шудааст, метавон ба ин натиҷа расид, ки мавсими хуруҷи зуком низ рӯ ба нузул овардааст.

Дар бораи омори гирифтории сокинони Тоҷикистон ба зукком манбаъ гуфт, теъдоди онҳоро то ба ҳол дақиқ накардаанд, аз ҷумла, муайян кардани маризон ба ин далел, ки аксаран табобати хонагӣ мегиранд ва ба бемористон муроҷиат намекунанд, имконпазир нест.