Апрел 27, 2024 10:03 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Сайид Ваҳид Ҳусайнӣ-раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз бо Ҷамолуддин Абдуллоҳзода-вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дидор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор, ки Алиризо Ҳақиқиён- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳузур дошт, доманаи васеъе аз мавзӯъоти ҳамкорӣ дар бахшҳои беҳдошт, дармон, таҷҳизоти пизишкӣ, доруворӣ ва табодули устод ва донишҷу дар риштаҳои пизишкӣ байн тарафҳо мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

 Вазири тандурустии Тоҷикистон бо ишора ба пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои омӯзишӣ, пешгирӣ ва дармон, таҷҳизоти пизишкӣ ва доруворӣ, мудирияти бемористонҳо ва сохтори бимаи саломат  хостори ҳамкорӣ ва табодули таҷрибиёт дар ин заминаҳо шуд.

 Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз, омодаги ин донишгоҳро ҷиҳати ҳамкорӣ дар бахшҳои омӯзишӣ, баргузории давраҳои тахассусии пизишкӣ, табодули устод ва донишҷу ва таҷрибиёт дар риштаҳои пизишкӣ ва пиропизишкӣ, тибби суннатӣ, гардишгарии саломат ва сафарбарии пизишкони мутахассисро эълом кард.

 

Барчасп