Май 08, 2024 13:13 Asia/Dushanbe
  • Сайид Иброҳими Раисӣ
    Сайид Иброҳими Раисӣ

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон амалиёти “Ваъдаи содиқ”-ро омили эҷоди эҳсоси ғурури миллӣ ва нуқтаи атфи иҷмоъсоз донисту гуфт: Ин амалиёт собит кард, ки Эрони қавӣ метавонад сояи ҷангро аз сари кишвар бардорад ва метавонад гузинаи низомиро аз рӯи миз ҳазф кунад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи зиндаи телевизионӣ бо мардум амалиёти “Ваъдаи содиқ”-ро ҷилваи бисёр равшане аз ақлонияти инқилобӣ хонду гуфт: Дар ҷое музокира ва дар ҷое мушак метавонад масъаларо ҳал кунад ва мо мизи музокираро ҳеҷ вақт тарк накардем, аммо бо қудрат дар муқобили касоне, ки бихоҳанд бо Эрон душманӣ кунанд, хоҳем истод.

 

Барчасп