Май 07, 2024 10:29 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии вазири хориҷаи Эрон аз мавозеъи давлат ва мардуми Бангладеш дар ҳимоят аз мардуми Фаластин

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо ҳамтоии бангладешии худ, аз мавозеъи давлат ва мардуми Бангладеш дар ҳимоят аз мардуми Фаластин қадрдонӣ кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ҳошияи понздаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Банҷул, бо Ҳасан Маҳмуд-вазири умури хориҷаи Бангладеш дар бораи раванди густариши равобити Теҳрон ва Дакка ва ҳамчунин мавзӯъоти муштараки ду кишвар аз ҷумла дастури кори иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ гуфтугӯ кард.

 Амирабдуллоҳиён бо қадрдонӣ аз мавозеъи давлат ва мардуми Бангладеш дар ҳимоят аз мардуми Фаластин, бар аҳамияти таомул ва ҳамоҳангӣ миёни кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ, ба унвони хости муштараки миллатҳои мусулмон ва ҳамаи мардуми ҷаҳон таъкид кард.

 Ҳасан Маҳмуд низ зимни ибрози хурсандӣ аз дидор бо ҳамтои эронӣ, мавзеъи усулӣ ва қотеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мардуми Фаластинро арзишманд ва таҳсинбарангез донист.

 Вазири умури хориҷаи Бангладеш ҳамчунин бар зарурати иқдоми фаврӣ ва қотеъонаи кишварҳои исломӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими Исроил дар Ғазза таъкид кард.

 

Барчасп