Май 07, 2024 12:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бидӯни тавваҷуҳ ба рӯйкард ва рафтори бесубот ва мутаноқизи Амрико
    Ҳамкории Эрон ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бидӯни тавваҷуҳ ба рӯйкард ва рафтори бесубот ва мутаноқизи Амрико

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиёни вазири умӯри хориҷаи Эрон ; Дар дидор бо мудӣри кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо таъкид бар савобиқи бадаҳдии Амрико дар тавофуқоти гузашта дар мавриди барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон таъкид кард : Набояд ҳамкории Эрон ва Ожонс таҳти таъсири рӯйкард ва рафтори бесуботу мутаноқизи Амрико қарор дошта бошад .

Rafael Grossi мудири кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ки бинно ба даъвати Муҳамад Исломӣ раиси Созмони энержии атомии Эрон ва ба манзури ширкат дар сиюмини конфаронси миллии ҳастаӣ ва нахустин конфаронси байналмилалии улӯм ва фунуни ҳастаии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст , рӯзи душанбе 6 май бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён вазири умӯри хориҷа дидор ва гуфтугў кард.

Амирабдуллоҳиён дар ин дидор аҳамияти ҷойгоҳ ва нақши Ожонси байналмилалии энержии атомиро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт : Бархе таҳдидоти мақомоти режими саҳюнистӣ мабнӣ бар бакоргирии бомби атоми таҳдидии ошкор барои сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст ва вазифаи бисёр муҳими ожонс дар қиболи ингуна изҳороти хатарноки мақомоти режими дорои зарродхонаи таслиҳоти атомиро мавриди таъкиди вижа қарор дод.

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ , низ дар ин дидор гуфт : Тақвияти раванди ҳамкории байни Эрон ва Ожонс муҷиби нокомии тарафҳое хоҳад шуд ки бо ҳар тавҷеҳу баҳонае ба дунболи ташдиди даргирӣ , таниш ва тақобул дар минтақа ҳастанд .

Вазири умӯри хориҷаи Эрон , дар дидор бо мудири кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба ду мавзӯи асосии дар мавриди равобити Эрон бо Ожонс таъкид кард. Мавзӯи аввали рӯйкарди созанда ва амодгии Теҳрон барои ҳамкорӣ бо ин ниҳоди байналмилалӣ аст ба гӯнае ки рафторҳои тахрибии мақомоти амрикоӣ бар он асар гузор набошад .

Вазири умӯри хориҷа , ҳамчунин вазъияти зарродхонаи таслиҳоти атомии режими саҳюнистиро мавзӯи донист ки бояд мавриди тавваҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор бигирад барои режиме ки парвандаи сиёҳӣ дар куштори инсонҳои бедифоъ дорад ва барномаи атомии он таҳдиде барои сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳонӣ аст . Режими саҳюнистӣ ҳамчунин омили аслии террори донишмандони ҳастаии Эрон дар солҳои ахир бӯда ва бояд дар ин замина посухгӯ бошад .

Ҷумҳурии Исломии Эрон , дар солҳои ахир раванди ҳамкориҳои худ бо Ожонси байналмилалии энержии атомиро идома додааст ва бовуҷӯди коршиканиҳои мудовими Амрикова муттаҳидони аврупоии Кохи Сафед ба падманҳои ожонс мутаъаҳҳид бӯдааст ва таъаҳҳудоти худро комилан анҷом додааст ба гӯнае ки мақомоти Ожонс ва мақомоти ғарбӣ ба ин мавзъ изъон кардаанд .

Амрико ва давлатҳои ғарбӣ аз ҳар фурсате барои коршиканӣ дар раванди барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон истифода кардаанд ва бархилофи таъаҳҳудот ва вазоифи худ ки дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон ва БарҶом (барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак ) ба он мутаъаҳҳид шуда буданд токунӯн амал накардаанд.

Барномаи ҷомеъи иқдоми муштараки ( БарҶом ) тавофуқӣ аст байналмилалӣ ки бар сари барномаи ҳастаии Эрони байни кишварҳои гуруҳи 1 + 5 ( Амрико , Русия , Чин , фаронса , Британия ва  Олмон ) ва Эрон 14 июл 2015 ва дар шаҳри Венаи Австрия иҷроӣ шуд .

Давлати “ Ҷу Байден “ раиси Ҷумҳурии Амрико , ҳамчунон монанди давлати қаблии сиёсатҳои мушобеҳиро дар қиболи Эрон дунбол мекунад . Ин дар ҳоле аст ки Теҳрон борҳо таъкид кард. ки Амрико қабл аз бозгашт ба БарҶом бояд тамомии таҳримҳо алайҳи Эронро лағв кунад . Амрико дар ҳаштуми майи 2018 ба таври якҷониба аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуд ва корзори фишори ҳаддиаксарии алайҳи Эронро ба роҳи андохт .

Маҳдудиятҳо алайҳи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон , дар шароите аст, ки Амрико ва давлатҳои ғарбии ҳозир дар БарҶом бар асоси музокироти ҳастаии муваззаф ҳастанд ба таъаҳҳудоти худ амал кунанд . Бар асоси мафоди БарҶом аз рӯзи иҷрои шудани он таҳримҳо алайҳи Эрон бояд лағв шавад дар шароите. ки давлатҳои мухталифи Амрико дар солҳои ахир бо сарпечӣ ва бетаваҷҷӯҳи ба ин мавзӯъ таҳримҳои якҷонибаеро алайҳи Эрон вазъ кардаанд .

Бовуҷӯди ҳамаи коршиканиҳо ва иҷрои таҳримҳо , мутахассисон ва донишмандони ҷавони ҳастаии Эрон тавонистаанд дар солҳои ахир муваффақиятҳои чашмгирӣ дар тавлиди маҳсӯлоти мухталиф аз ҷумла дар бахши пизишкии ҳастаӣ дошта бошанд ки ин пешрафтҳо мӯҷиби таҳсини ҷомеъа ҷаҳонӣ будааст .

Барчасп