Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид
(last modified Wed, 08 May 2024 12:54:17 GMT )
Май 08, 2024 17:54 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид

Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид дар Нию-Йорк мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ дар Нию-Йорк дар ҳошияи панҷоҳу ҳафтумин нишасти Комиссияи ҷамъият ва тавсеа (cpd) бо Флоренсия Боер, мудири минтақаии Сандуқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид (unfpa) дар Аврупо ва Осиёи Миёна ва Нигина Аббосзода, раиси ин муассиса дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

 Дар ин дидор тарафҳо дар мавриди масоили муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Сандуқи ҷамъияти Созмони Милал гуфтугӯ карданд.

 Тарафҳо ҳамчунин дар мавриди Маҷмаъи парлумонии Конфронси байналмилалии ҷамъият ва тавсеа (icpd30) бо унвони “Манобеъи об ва пойдори ҷамъиятӣ барои тавонмандсозии ҷавонон ва духтарон”, ки дар ҳошияи севумин конфронси байналмилалии сатҳ боло дар мавриди даҳаи “Иқдоми байналмилалии об барои тавсеаи пойдор дар соли 2018-2028”, ки рӯзҳои 10 то 13 июни 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, табодули назар карданд.