Май 08, 2024 13:12 Asia/Dushanbe
  • Суханронии сафири Эрон дар нишасти Шанхай дар Душанбе
    Суханронии сафири Эрон дар нишасти Шанхай дар Душанбе

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 18 урдибиҳишт (7 май) бо ҳузур дар Академияи мудирияти давлатии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо ҳузури мақомоти Вазорати умури хориҷа ва суфарои кишварҳои узву нозири созмони мазкур ширкат намуд.

Ҳақиқиён дар суханронии худ дар ин нишаст, ки ба мавзӯи «Осиёи Марказӣ – ҳастаи Созмони Ҳамкории Шанхай: фазои сулҳу рифоҳи муштарак» ихтисос дошт, бо ишора ба ин ки Осиёи Марказӣ аз назари геополитикӣ дар яорроҳаи тамаддунҳову қорраҳо қарор дорад, изҳор дошт, аз назари сиёсӣ, суботу амният дар Осиёи Марказӣ бисёр ҳоизи аҳамият аст. Ин минтақа аз назари иқтисодӣ, аз зарфиятҳои зиёде, аз ҷумла манобеи табиии нафту газу маводи маъданӣ бархӯрдор аст ва ба унвони ҳастаи аслии Созмони Ҳамкории Шанхай буда ва барои сулҳу рифоҳи муштарак дар ҷаҳони ба ҳам пайваста амал мекунад. Аз тариқи ҳамкориҳои геополитикӣ гуфтугӯҳои сиёсӣ, тавсеаи иқтисодӣ, ибтикороти ҳамлу нақлу транзит, ҳамкории энержӣ ва табодули фарҳангӣ, минтақа метавонад масиреро ба сӯи ояндае равшан барои мардуми худу ҷаҳон ба таври куллӣ тарсим кунад.

Ҳақиқиён идома дод: Дар ин миён нақши Ҷумҳурии исломии Эрон дар тасҳили дастрасии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба обҳои озоду имкони транзит аз ин минтақа ба соири нуқоти ҷаҳон дорои аҳамият аст. Мавқеияти роҳбурдии Эрон, ки байни Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форс воқеъ шудааст, шароити мунҳасир ба фардеро ба унвони дарвозае барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастёбӣ ба бозорҳои байналмилалӣ аз масири халиҷи Форсу уқёнуси Ҳинд аз тариқи Бандар-Аббосу Чобаҳор фароҳам мекунад.

 

Барчасп