Май 08, 2024 18:26 Asia/Dushanbe
  • «На»-и вазири хориҷаи Покистон ба «амру наҳи» и Амрико дар бораи равобит бо Эрон

Вазири умури хориҷаи Покистон ҳушдори Амрико нисбат ба равобити тиҷории Исломобод-Теҳронро нодида гирифта ва гуфт: Наметавон ба Покистон амру наҳӣ кард.

Ба гузориши ИСНА ба нақл аз рӯзномаи покистонии "Дон", Муҳаммад Исҳоқ Дор- муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Покистон, шомгоҳи сешанбе бо нодида гирифтани ҳушдорҳои Амрико дар бораи равобити тиҷории Покистон бо Эрон, ба вежа дар заминаи проекти муштараки хатти лӯлаи интиқоли газ миёни ду кишвар гуфт: Наметавон ба Покистон амру наҳӣ кард ва ин кишвар дар тасмимгириҳояш, танҳо манофеъи худро дар назар мегирад.

 Муҳаммад Исҳоқ Дор дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод дар посух ба савол дар бораи ин проект таъкид кард: "Исломобод бояд бо дар назар доштани манофеъи Покистон ва низ фориғ аз инки Амрико ва дигар кишварҳо чӣ мегӯянд, дар бораи замон ва чигунагии он тасмимгирӣ кунад".

 Вазири умури хориҷаи Покистон афзуд: Покистон кишвари мустақил аст ва интизор дорем дигарон низ ба истиқлоли Покистон эҳтиром бигузоранд.

  Вашингтон дар пайи сафари ахири Саид Иброҳим Раисӣ-раиси ҷумҳури Эрон ба Покистон, ки имзои тавофуқҳо ва тафоҳумномаҳои ҳамкории дуҷониба дар ҳавзаҳои гуногун аз дастовардҳои он буд, дар бораи хатари эҷоди таҳримҳо ба касоне, ки бо Эрон муомилоти тиҷорӣ анҷом медиҳанд, ҳушдор дод.

 

Барчасп