"Чилучорчашма" аз маконҳои гардишгарии Тоҷикистон + тасовир
Чилучорчашма - дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, дар ҳудуди 230 километрии пойтахти Тоҷикистон аз маконҳои беназири гардишгарӣ ва яке аз нодиртарин маконҳои оби пок дар ҷаҳон аст.
Дар ҷануби Тоҷикистон, наздикии талоқии сарҳади се кишвари Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, ки аз ҷумлаи гармтарин нуқоти Тоҷикистон буда ва умдатан ӯзбекнишин аст, баъд аз убур аз Шаҳри Тӯс ва пушти сар гузоштани манотиқи сарсабз, боғҳо ва мазореи зебо, ба водии хушке ворид мешавем, ки дар миёни он маҷмӯаи зебо "Чилучорчашма" қарор дорад.
Ин минтақаи тафреҳӣ ҳама рӯза, ба вижа дар ду фасли баҳор ва хазон пазирои бисёре аз гардишгарон аст, ки ба умеди шифо ва гузарондани авқоти хуш ва каме дамгирӣ (истироҳат) ба он ҷо меоянд.
Дар ин макон панҷ чашма аз умқи замин хориҷ шуда ва сипас оби онҳо ба 39 ҷӯи кучак тақсим шуда ва ба ҳамин далел "Чилучорчашма" маъруф шудааст.
Оби ҷорӣ шуда аз ин чашмаҳо пас аз тай кардани масофати кӯтоҳе, бо пайвастан ба якдигар канали обӣ ба паҳнои ҳудуди 12 то 13 метрро ташкил медиҳад, ки муҳити муносиберо барои парвариши анвои моҳиён ба вуҷуд овардааст.
Мардуми Тоҷикистон дар мавриди чигунагии шаклигирии ин макон ва таърихи он ривоятҳои мутааддид ва гуногунро нақл менамоянд ва боварҳои бисёре доранд.
Мардуме, ки ба ин макон меоянд, муътақиданд, ки истеҳком дар ин чашма муҷиби раҳоӣ аз дардҳо ва амроз мешавад.
Сокинони манотиқи атроф ва афроде, ки ба ин минтақа меоянд мӯътақиданд, ки оби чиҳулу чор чашмаи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз резиши мӯи сар, пешгирӣ аз хуни бинӣ, дармони мор газидагӣ, резиш, устухондард, малерия, сардард, фишори хун, бемориҳои пӯстӣ, нозоӣ, норасоии гурда, бемориҳои қалбӣ, ҷунун, дарди гӯшу чашм ва бархе дигар аз бемориҳо муфид аст.
Гуфта мешавад оби ин чашма аз умқи 3400 метрӣ хориҷ мешавад ва дороӣ 16 навъ моддаи маъдании мухталиф аст.