Саргардонии мусофирони тоҷикистонӣ дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав
(last modified Sun, 01 Nov 2020 08:46:59 GMT )
Ноябр 01, 2020 13:46 Asia/Dushanbe
  • Лағви парвоз мусофирони Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳи Домодедов саргардон кардааст
    Лағви парвоз мусофирони Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳи Домодедов саргардон кардааст

Садҳо нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон ки мебоист бо парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Душанбе мунтақил мешуданд ба далели лағви ин парвоз саргардон мондаанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, ин парвоз бояд шаби аввали моҳи ноябр анҷом мешуд, аммо ба гуфтаи намояндагии ширкати “Сомон Эйр” дар Маскав, Русия муҷаввизи ин парвозро содир накардааст.

Ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” иҷоза доштанд, ки то 31 октябри имсол бо 100 парвози чартерӣ коргарони тоҷикистониро, ки бар асари густариши вируси корона бекор шуда буданд аз Русия хориҷ кунанд, аммо бо оғози моҳи ноябр акнӯн бояд дубора муҷаввиз дарёфт кунанд. 

Бозгардондани тоҷикҳо аз Русия бо 71 парвози чартерӣ

Коргарони муҳоҷири тоҷик мегӯянд, ки бо ҳазинаи 37 ҳазор рубли русӣ(450 доллар) билет таҳия кардаанд дар ҳоле, ки қабл аз густариши Ковид-19 дар шароити оддӣ ин қимат 200 доллар буд.

Ҳамчунин теъдоди зиёде аз ин афрод барои бозгашт ба Тоҷикистон бо паймудани садҳо километр роҳ аз манотиқи дури Русия худро ба фурӯдгоҳи Домодедови Маскав расондаанд ва бо лағви ин парвоз бояд дубора ба маҳалҳои қаблии зиндагии хеш баргарданд.

Бо ин ҳол намояндагони ширкати “Сомон Эйр” гуфтаанд, ки дар сӯрати судӯри муҷаввиз аз сӯи мақомоти Созмони ҳавопаймоии кишварии Русия, ба мусофирон замони ҳузур дар фурӯдгоҳро эълом хоҳанд кард.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Чиниҳо иҷоза надоданд парвози Тоҷикистон - Чин барқарор шавад

Барои интиқоли атбои Тоҷикистон аз Русия рӯзона ба 10 парвоз ниёз аст

Бозгардондани 182 табааи Тоҷикистон аз Қазоқистон бо парвози вижа