Афзоиши 40 дар садии содироти кишоварзии Тоҷикистон
Ноябр 01, 2020 16:37 Asia/Dushanbe
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши чашмгири содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз ибтидои имсол то аввалҳои даҳаи савуми моҳи октябр 41, 7 дар сад муодили 35 ҳазору 400 тонна афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра тақрибан 91 ҳазор тонна сабзавот, 12 ҳазор тонна мева, 95 тонна харбуза, зиёда аз 14 тонна меваи хушк ва тақрибан ду ҳазор тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ содир карда шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон низ то 1 октябр беш аз 17 миллион долларро ташкил додааст.
Бештар бихонед: