Ноябр 04, 2020 12:47 Asia/Dushanbe
  • Маскав ва Душанбе теъдоди парвозҳои чартерии дуҷониба дар моҳи ноябрро мушаххас карданд
    Маскав ва Душанбе теъдоди парвозҳои чартерии дуҷониба дар моҳи ноябрро мушаххас карданд

Мудири Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз мушаххас шудани теъдоди парвозҳои рӯзонаи чартерӣ миёни ин кишвар ва Русия дар моҳи ноябр хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Икром Субҳонзода гуфтааст, ки бар асоси тавофуқ бо Русия ҳамарӯза 5 то 6 парвози чартерӣ барои хориҷ кардани коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик анҷом хоҳад шуд, ки ин кор бар уҳдаи ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр мебошад.

Вай таъкид кардааст, ки теъдоди дақиқи парвозҳо пас аз ҳамоҳангии миёни вазорати умури хориҷа ва Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон мунташир хоҳад шуд.

Вай далели таъхир дар ду парвози ширкати Сомон Эйр аз Маскав ба Душанберо, ки муҷиби саргардонии мусофирони тоҷик шуд, мушкилоти технологӣ унвон кардааст.

Аз сӯи дигар Имомиддини Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия низ гуфтааст, ки мушкилоти технологӣ барои анҷоми парвозҳои чартерӣ миёни Маскав ва Душанбе рафъ шуда ва акнун вобаста ба теъдоди мусофирон интиқоли ин афрод сурат хоҳад гирифт.

Вай дар мавриди барқарории парвозҳои Русия бо 24 кишвар низ гуфтааст, ки дар қаламрави Ҷомеъаи Ҳамсуд Маскав бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё парвозҳоро аз сар гирифт, ки Тоҷикистон узви ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ нест.

Қаблан манобеи мустақили хабарӣ аз фишори Русия ба Тоҷикистон барои дар ихтиёр гирифтани 50 дарсад аз парвозҳои чартерии дуҷониба хабар дода буданд.

Бештар бихонед:

Барчасп