Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар шабонарӯзи ахир
(last modified Wed, 04 Nov 2020 18:30:08 GMT )
Ноябр 04, 2020 23:30 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар шабонарӯзи ахир
    Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар шабонарӯзи ахир

Арзиши сомонӣ воҳиди пули миллии Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир барои бори нахуст бо коҳиши як долларӣ ба 11 сомонӣ ва 30 дирам расид, ки як рӯзи қабли ин шохис 10 сомонӣ ва 33 дирам буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топи Ти Ҷи, банки миллии Тоҷикистон акнун арзиши як доллар дар баробари сомониро 11 сомонӣ 30 дирам таъин карда ва ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 10 сомониву 33 дирам муомила мешуд .
Банки миллии Тоҷикистон далели коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари долларро шуюи вируси корона, маҳдуд шудани фаъолиятҳои тиҷорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва афзоиши се баробарии воридот бар содирот унвон кардааст.

Аммо коршиносон инҳисорӣ кардани муомилоти арзӣ, бастани саррофиҳо, коҳиши фаъолияти банкҳои тиҷорӣ ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷро аз омилҳои аслии  камёб шудани арзҳои хориҷӣ медонанд.

Ин дарҳолест, ки  авоили имсол ҳукумати Тоҷикистони афзоиши арзиши доллар дар баробари сомониро то соли 2023 пешбинӣ эълом кард,ки арзиши пули миллии ин кишвар аз 11 сомонӣ фаротар хоҳад рафт.

Бар ин асос таъкид шуда буд, ки дар соли2020 ин шохис 10 сомонву 69 дирам, дар соли 2021 ёздаҳ сомонӣ, дарсоли 2022 ёздаҳ сомониву 33 дирам ва дар соли 2023  11 сомонӣ 67 дирам хоҳад расид.
 
 Бештар бихонед: