Ноябр 09, 2020 20:35 Asia/Dushanbe
  • Аз аввали ноябр барқи бештари хонаҳо дар Тоҷикистон аз 8 субҳ то 17 қатъ аст
    Аз аввали ноябр барқи бештари хонаҳо дар Тоҷикистон аз 8 субҳ то 17 қатъ аст

Мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик бо пахши гузорише аз бахши ахбори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон далели лимити барқ дар бештари минтақаҳои ин кишварро идомаи бозсозии турбинҳои Нерӯгоҳи Норак ва кам шудани захираҳои об дар садди ин нерӯгоҳ эълом карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, аз рӯзи аввали ноябр токунун дар бештари минатақаҳои Тоҷикистон, барқи хонаҳо аз соъати 8 субҳ то 17 қатъ ва муҷиби шикояти мардум шудааст.

Аммо Рустам Фозилов- сармуҳандиси нерӯгоҳи барқи обии Норак мегуяд, ки аз 9  турбини ин нерӯгоҳ як  турбин комилан бозсозӣ шудааст ва кори тармими 5  турбини дигар низ ба зудӣ оғоз мешавад.

Фозилов афзуд: Вале бо фаъолияти  турбини бозсозишудаи рақами 2-и ин нерӯгоҳ, тармими  турбини чаҳорум оғоз хоҳад шуд.

Вай гуфтааст, ки оби пушти садди 300 метрии ин нерӯгоҳ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 2 метр камтар аст.

Бо ин ҳол Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар ин гузориши телевизионӣ бо даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ, замони мушаххасеро барои поёни лимити барқ эълом накард ва ба ин пурсиш, ки ба чи далел бозсозии  турбинҳои нерӯгоҳи Норак дар фасли сармо идома дорад посух надод.

Бештар бихонед: