Апрел 24, 2024 18:38 Asia/Dushanbe
  • филм ва акс / Иҷрои проекти бузурги

Проекти чандманзураи сад ва ниругоҳи "Омавиа"-и Шри-Ланка, ки тамоман тавассути ширкатҳои эронӣ анҷом шудааст, ба унвони яке аз бузургтарин проектҳои ҳавзаи содироти хадамоти фаннӣ- муҳандисии Эрон дар заминаҳои садсозӣ, интиқоли об ва тавлиди барқ дар рӯзҳои оянда бо ҳузури мақомоти ду кишвар ба баҳрабардорӣ мерасад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо иҷрои ин проект, ки дар 230 километрии шарқи Коломбо, пойтахти кишвари Шри-Ланка сохта шудааст,оби изофии рӯдхонаҳои "Омавиа" ва «Маҳатутила ауё» барои тавсеаи кишоварзӣ ба минтақаи камоби ҳамин кишвар мунтақил мешавад.

 Ҳамзмон бо амалишавии ин ҳадаф, тавлиди энергӣ аз тариқи неругоҳи зерзаминии ин проект ба зарфияти 120 мегаватт анҷом хоҳад шуд.

Image Caption

 Тавлиди 290 гигаватт соат-барқ дар сол, таъмини оби мавриди ниёз 5000 гектар аз заминҳои кишоварзии минтақаи хушки ҷанубу шарқи Шри-Ланка ва интиқоли 145 миллион метри муккаъаб об аз минтақаи пурборон ба манотиқи хушк аз ҷумлаи аҳдофи ин проект будааст, ки тавассути ширкати «Фароб»-и Эрон ва ба ҳиммати мутахассисон ва муҳандисони эронӣ дар ба марҳилаи иҷро ва баҳрабардорӣ расидааст.

 Ин проект ҷузъи проектҳои беназири муҳандисӣ маҳсуб мешавад.

Image Caption

Ширкати эронии созандаи ин проект ба далел рӯйкарди масъулона нисбат ба ҷавомеъи маҳаллӣ муваффақ шуд дар соли 1401 нишони олии масъулияти иҷтимоиро дарёфт кунад; Ҳамчунин бар асоси эъломи Анҷумани байналмилалии туннелсозӣ ва фазоҳои зерзаминӣ, проекти чандманзураи "Омавиа"дар байни чаҳор проекти мунтахаби ниҳоӣ дар бахши проектҳои 50 то 500 миллионевраӣ дар соли 2020 мелодӣ қарор гирифт.

Image Caption

Эрон ба унвони як кишвари пешрав дар саноъати об ва барқ, ҷойгоҳи нахусти минтақаи ғарби Осиёро дар судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дар ин соҳа дорад.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар миёни панҷ кишвари бартари созандаи турбинаи ниругоҳии ҷаҳон қарор дорад ва беш аз 91 дарсад қисмҳои мавриди ниёзи саноъати ниругоҳии худро бумисозӣ кардааст.

 Тавони фаннӣ ва муҳандисии Эрон дар ҳавзаи абзорҳои мудирияти манобеъ об аз ҷумла шабакаи обёрии зеҳкашӣ, туннелҳо ва садсозӣ низ 100 дарсад аст ва Эрон дар байни 4 кишвари бартари ҷаҳон дар ин ҳавза қарор дорад.

 Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз пирӯзии Инқилоби исломии Эрон ҳеҷ тавоне барои иҷрои проектҳои фаннӣ- муҳандисии об дар Эрон вуҷуд надошт ва кишвар дар саноъати об ба ширкатҳои хориҷӣ вобаста буд.

 

Барчасп