Дидори ҳайати Тоҷикистон бо дабирикули Cозмони ҳамкориҳои исломӣ
(last modified Sun, 05 May 2024 05:13:29 GMT )
Май 05, 2024 10:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори ҳайати Тоҷикистон бо дабирикули Cозмони ҳамкориҳои исломӣ
    Дидори ҳайати Тоҷикистон бо дабирикули Cозмони ҳамкориҳои исломӣ

Нишаст вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба манзури омодагӣ барои понздаҳумини иҷлоси ояндаи кишварҳои исломӣ дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст ширкат ва дар ҳошияи он ҷаласоти мутаъаддиди баргузор кард .

Ба вижа дар дидори ҳайати Тоҷикистон бо Ҳусейн Иброҳим Туҳу, дабирикули Созмони ҳамкориҳои исломӣ мавзуъоти ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ мавриди баҳсу баррасӣ ва табодули назар дар мавриди масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақаӣ қарор гирифт .

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Гамбия дар дидор бо Момодуи Тонгоро, вазири  хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Гамбияи мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Дар ин дидори тарафайн роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи байни ду кишвар ва дигар мавзуъоти мавриди алоқаи ду кишварро мавриди баҳсу барраси қарор доданд.