Май 05, 2024 17:38 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Чигунагии эҷод ва инҳилоли ҳизби Туда дар Эрон
    Тафсир: Чигунагии эҷод ва инҳилоли ҳизби Туда дар Эрон

Ҳизби Каммунистии Туда ба ин далоил дар Эрон мунҳал шуд.

Пас аз пирузии инқилоби исломии Эрон, фаъолияти ҳизби Туда ки дар замони режими шоҳӣ мамнӯъ шуда буд пас аз сӣ сол , аз сар гирифта шуд . Аммо аъзои ин ҳизб ҳамчунон ба талош барои тамини манофеи номашрӯъи Шуравӣ дар Эрон идома доданд . Корҳое ҳамчун ҷосӯсӣ , талош дар заминаи кудето ва ҳамроҳӣ бо Шуравӣ барои наҷоти режими Баъси Ироқи пас аз ҳамла ба Эрон .

Ҳизби Тудаи Эрон дар соли 1320 шамсӣ бо мароми коммунистӣ ташкил шуд . Аммо тӯл накашид ки ин ҳизб ба омил ва муздурии Шуравӣ дар Эрони табдили гашт ва ба ҳамин далели ҳеҷ гоҳ мардуми мусулмони Эрон аз он истиқбол накарданд . Ҳизби Туда ба ҷараёни миллӣ шудани санъати нафти Эрон хиёнат кард ва дар изои эътои имтиёзи нафти ҷануб ба Англис , хостори вогузории нафти шимоли Эрон ба Шуравӣ шуд то ба истилоҳ , тавозун барқарор шавад .

Пас аз пирӯзии Инқилоби исломии Эрон , фаъолияти ҳизби Туда ки дар замони режими шоҳи мамнӯъ шуда буд пас аз сӣ сол , аз сар гирифта шуд . Аммо аъзои ин ҳизб ҳамчунон ба талош барои тамини манофеи номашрӯъи Шуравӣ дар Эрон аз ҷумлаи ҷосӯсӣ барои онҳо идома доданд . Ба таврӣ ки дар эътирофоти сареҳи раҳбарони ҳизби Туда , ҳамкории ин ҳизб бо Шуравӣ таид ва ҳатто матраҳ шуд ки дар воқеъи сафири Шуравӣ дар Теҳрон , тасмимоти кумитаи марказии ҳизби Тударо таиди ниҳоӣ мекардааст .

Дар паии ин эътирофот ва иттилооти ба дасти омада тавассути нерӯҳои амниятӣ дар мавриди нақши Шуравӣ дар тавтеъаи алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ бавижа бо тавваҷуҳ ба ҳимояти азими Шуравӣ аз Саддом дар ҷанги алайҳи Эрон , дастури ихроҷи ҳаждаҳ тан аз афроди сафорати Шуравӣ дар Эрон содир шуд . Пас аз он ки Шуравӣ аз расидан ба аҳдофи худ дар Эрон маъюс шуд , бо ҳамкории авомили дохилии худ дар артиш , дар тавтиаҳоӣ барои барандозии низоми Ҷумҳурии Исломӣ ширкат кард . Аммо бо ҳушёрии нухбагони эронӣ дар артиш ва нерӯҳои амниятӣ , ин тавтеъа , хунсо шуд . Пас аз ифшои нақши ҳизби Тудаи Эрон дар тарҳи кудатои Шуравӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1361 , масъӯлони низоми Ҷумҳурии Исломӣ , идомаи фаъолияти ин ҳизбро бар хилофи масолеҳи низом ташхис дода ва ҳизби тударо мунҳал эълом карданд .

Нуриддини Киёнурӣ яке аз сарони ҳизби туда мегӯяд :

«Ба назари мо ин тахаллуфот хеле сангинаст дар чаҳорчӯби ҷосӯсӣ - хиёнат - тахаллуф , ҳама дар он мегӯнҷад ва ба қадре сангинаст ки ба назари ман сангинтарин муҷозотҳое, ки Ҷумҳурии Исломӣ бихоҳад , ҳақ дорад ки дар мавриди ин тахаллуфот [ аъмол кунад] ...» 

Қабл аз Инқилоби Исломии Эрон дар 1979 ва барпоии низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар Эрон , Ирои мутаъаллиқ ба блоки шарқ ( Шуравӣ ) ва Эрони мутаъаллиқ ба блоки ғарб ( Амрико ) буд . Шуравӣ тасаввур мекард бо пирӯзии Ироқ бар Эрон , Эрон дар зумраи кишварҳои блоки шарқ қарор мегирад . Шуравӣ бузургтарин содиркунандаи адавот ва таҷҳизоти низомӣ ба Ироқ бӯдааст .

Барчасп