Май 05, 2024 21:38 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳҳои Эрон омодагии худро дар пазириши донишҷӯёни амрикоии ихроҷшуда эълом карданд
    Донишгоҳҳои Эрон омодагии худро дар пазириши донишҷӯёни амрикоии ихроҷшуда эълом карданд

Ҳамзамон бо идомаи таҷаммуоти эътирозии донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ихроҷу таълиқи бисёре аз ин донишҷӯёни ҳомии Фаластин аз сӯи донишгоҳҳои Амрико, бисёре аз донишгоҳҳои бартари Эрон омодагии худро барои пазириши ин донишҷӯён эълом карданд.

Ба гузориши Исна, беш аз ду ҳафта аз шаклгирии эътирозоти донишгоҳиён (донишҷӯёну устодон)-и донишгоҳҳои Амрико ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза мегузарад ва ҳимоятҳову ҳамсадоии донишгоҳҳои Эрон бо ин донишҷӯёни муътаризи амрикоӣ ҳамчунон идома дорад.

Аммо дар иқдоме ҷадид беш аз 13 донишгоҳи Эрон омодагии худро барои пазириши донишҷӯёни ихроҷӣ ё таълиқии донишгоҳҳои амрикоӣ эълом карданд.

Донишгоҳи Шероз, Донишгоҳи шаҳид Биҳиштӣ, Донишгоҳи Розӣ, Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва чанд донишгоҳи дигари Эрон то кунун барои пазириши донишҷӯёни ихроҷӣ ё таълиқии донишгоҳҳои амрикоӣ эъломи ҳимоят кардаанд.

 

Барчасп