Май 05, 2024 13:18 Asia/Dushanbe
  • Се медоли биринҷи умедҳои бокси Эрон дар нахустин ҳузури Осиё
    Се медоли биринҷи умедҳои бокси Эрон дар нахустин ҳузури Осиё

Тими миллии бокси умеди Эрон дар ҳоле бо касб се медоли биринҷ ба кори худ дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё дар Қазоқистон поён дод ки нахустин ҳузураш дар ин руйдоди муҳими қорраеро таҷруба кард.

Ба гузориши ИРНА, пайкорҳои марҳалаи нимаи ниҳои радаи синҳои умед рузи шанбе баргузор шуд ва се намояндаи Эрон болои ринг рафтанд .

Дар вазни 75 килограм Муҳамади Маҳшарӣ дар вазни 86 килограм Сайидалии Сайидсадро ва дар вазни 92+ килограм , Ризо Халилзода ба медали биринҷ даст ёфтанд .

Бо ин авсоф тими миллии умеди бокси Эрон ки таҳти ҳидояти Алиризо Астки ва барои нахустинбор дар мусобиқоти Осиё ин радаи сунни ширкат карда буд бо касби се медоли биринҷ ба кори худ поён дод .

Мусобиқоти Осиёи Қазоқистон севумин давраи пайкорҳои радаи суннии умед буд .

Пеш аз ин ва дар бахши ҷавонон , Амири Исмоилӣ ба финоли сангинвазн расид ва душанбе барои касби медоли тилло бо Шаҳруз Пулонов аз Узбекистон мусобиқа медиҳад ва Амиррзои Султонӣ ва Амиррзои Малики Хитоби соҳиби медол биринҷ шуданд .

Рақобатҳои бокси қаҳрамонии ҷавонон ва умеди Осиё аз рӯзи шанбе 27 апрел дар Қазоқистони оғоз шуда ва то ҳафтуми май идома хоҳад дошт.

Барчасп