Май 05, 2024 09:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Эрон бо дабирикули Созмони ҳамкории исломӣ; таъкиди Эрон бар пайгирии ҷиноёт ва муҳокимаи сарони режими Исроил
    Дидори вазири хориҷаи Эрон бо дабирикули Созмони ҳамкории исломӣ; таъкиди Эрон бар пайгирии ҷиноёт ва муҳокимаи сарони режими Исроил

Ҳусейн Иброҳими Тоҳо дабирикули Созмони ҳамкории исломӣ зимни ибрози хурсандӣ аз дидори муҷаддад бо доктор Амирабдуллоҳиён, бар иҳтимоми вижаи Созмони ҳамкории исломӣ дар пайгирии таҷовузоти режими Исроил таъкид кард.

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз канали телеграмии вазорати умури хориҷа, доктор Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷа дар идомаи ройзаниҳои фишурдаи худ дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони ҳамкории исломӣ дар Гамбия бо оқои Ҳусейн Иброҳим Тоҳо дидору гуфтугу кард .

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор аз талошҳо ва фаъолиятҳои арзишманди дабирикули Созмони ҳамкории исломӣ дар танзим ва баргузарии иҷлоси Банҷул қадрдони кард .

Доктор Амирабдуллоҳиён бо тарҳи пешниҳодотӣ ба дабирикули Созмони ҳамкории исломӣ хотирнишон кард иқдоми дабирхонаи созмон барои мустанадсозии ҷиноёти режими Исроил ва эҷоди созукори барои ин мавзу , ҳамчунин эҷоди воҳидӣ дар дабирхона барои расади ҷиноёти режими Исроил ва анҷоми таҳқиқ ва тафаҳҳуси байналмилалӣ барои муҳокимаи сарони ҷинояткори режими саҳюнистӣ бисёр ҳоиз аҳамият аст ва таҳаққуқи ин амр метавонад ба ибтикори Африқои Ҷанубӣ кумак кунад .

Ҳусейн Иброҳим Тоҳо дабири кулли Созмони ҳамкории исломии зимни ибрози хурсандӣ аз дидори муҷаддад бо доктори Амирабдуллоҳиён , бар иҳтимоми вижаи Созмони ҳамкории исломӣ дар пайгирии таҷовузоти режими Исроил таъкид кард .

Вай ҳамчунин зимни истиқбол аз пешниҳодоти доктор Амирабдуллоҳиён , омодагии комили дабирхонаи созмон таҳти масъӯлияти худ барои ҳамкории бо Эронро эълом дошт .

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ бо ироаи арзёбии худ аз охирин авзоъи буғранҷи Фаластин дар сояи ташдиди таҷовузот ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ, бар зарурати ҳамоҳангӣ ва ҳамкории байни кишварҳои исломӣ барои муқобила бо ин режим ва ҳимоят аз мардуми Фаластин таъкид кард.

Барчасп