Тафсир. Видои бошукӯҳ бо шаҳидони хидмат
(last modified Thu, 23 May 2024 15:12:21 GMT )
Май 23, 2024 20:12 Asia/Dushanbe
  • Маросими видоъ бо шаҳидони хидмат
    Маросими видоъ бо шаҳидони хидмат

Ҳузури густардаи мардуми Эрони исломӣ дар маросими ташйиъи пайкари раиси ҷумҳури шаҳиду ҳамроҳони эшон, бори дигар ҷилваҳое аз инсиҷом, ваҳдат ва идомаи роҳи муҷоҳидату муқовиматро ба намоиш гузошт.

Миллионҳо нафар рӯзи чаҳоршанбе дар маросими ташйиъи Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳур ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон ширкат карданд.

Ин маросим аз соати 7: 30 дақиқаи субҳ дар Донишгоҳи Теҳрон оғоз шуду соати 9 субҳ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар пайкари шаҳид оятуллоҳ Раисӣ ва ҳамроҳонаш иқомаи намоз карданду баъд аз он пайкари шуҳадо аз масҷиди Донишгоҳи Теҳрон ба самти майдони Озодӣ ҳамроҳӣ шуд.

Илова бар шаҳрвандони теҳронӣ, бархе аз мардум аз шаҳрҳову устонҳои дигар ҳам аз рӯзи гузашта барои ширкат дар маросими иқомаи намозу ташйиъ худро ба Донишгоҳи Теҳрон расонда буданд; Бисёре мардум тасвири оятуллоҳ Раисӣ ё парчами Ҷумҳурии исломии Эронро дар даст доштанд.

Ҳузури густардаи мардуми Эрони исломӣ дар маросими ташйиъи шаҳидони хидмат ёдовари фазои шаҳрҳои Эрон дар маросими ташйиъи шаҳидон Раҷоӣ ва Боҳунар дар шаҳривари 1360 ва ҳамчунин ёдовари маросими ташйиъи бошукӯҳи сардори дилҳо шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар Теҳрон дар даймоҳи 1398 аст.

Ин дар ҳолест, ки душманон ҳамвора дар садади ихтилофафканӣ байни мардуму масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон будаанд; душманон ҳамчунин бо доман задан ба бархе мушкилоту ихтилофи салиқаҳо дар умури кишвар, саъй дар ҳадаф қарор додани инсиҷому ваҳдати мардуми Эрони исломиро доштаанд, ки акнун ҳузури миллионии мардум дар маросими ташйиъи шаҳидони хидмат нишон дод, ки чӣ гуна бадхоҳон ҳамвора дар шинохти мардуми Эрон дучори иштибоҳ мешаванд.

Нуктаи муҳими дигар, ҳузури мақомоти хориҷӣ дар ин маросим аст, ки худ бозгӯкунандаи ҷойгоҳу эътибори байналмилалии Ҷумҳурии исломии Эрон маҳсуб мешавад. Дастикам 15 нафар аз сарону мақомоти аршади 13 кишвар барои ҳузур дар маросими адои эҳтиром бар пайкари раиси ҷумҳурии шаҳиди Эрон, вориди Теҳрон шуданд. Амири Қатар, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, раҳбари миллии Туркманистон, раиси ҷумҳурии Тунис, нахуствазирони Ироқ, Покистон, Арманистон, Қатар, ҷумҳурии Озарбойҷон ва руасои маҷлиси Ироқ, Русия, Алҷазоир, Узбакистон, Қазоқистон ва Лубнон аз ҷумлаи сарону мақомоти аршаде буданд, ки барои ҳузур дар маросими адои эҳтиром бар пайкари шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳони шаҳидаш вориди Эрон шуданду шуморе аз онҳо ба таври ҷудогона бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ дидор карданд.

Баъд аз зуҳр низ маросиме дар ҳузури Муҳаммади Мухбир, сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ ва Алии Боқирӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷа баргузор шуд, ки дар миёни 50 ҳайати ширкаткунандагон хориҷӣ, беш аз 10 ҳайат дар сатҳи сарон, ҳудуди 20 ҳайат дар сатҳи вазир ва мобақӣ дар сутуҳи мухталифе назири руасои порлумон ва ё фиристодагони вижа буданд.

Ин маросими бошукӯҳ ҳамчунин бори дигар собит кард, ки мардуми Эрони исломӣ ҳамвора барои масъулине ки холисона талош кардаанд, эҳтиром қоиланд ва ба ормонҳои инқилоби исломӣ, Раҳбари муаззами инқилоб ва роҳи шуҳадо вафодор ҳастанд.