Май 23, 2024 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдилиҳои кунунии миёни Эрон ва Тунис бояд табдил ба ҳамкориҳои майдонӣ шавад
    Ҳамдилиҳои кунунии миёни Эрон ва Тунис бояд табдил ба ҳамкориҳои майдонӣ шавад

Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори раисиҷумҳӯри Тунис бо ишон таъкид карданд : Ҳамдилиҳои кунунии миёни Эрону Тунис бояд табдил ба ҳамкориҳои майдонӣ шавад .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ , ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ Раҳбари инқилоби исломии асри рўзи чаҳоршанбе дар дидори раисиҷумҳӯри Тунис ва ҳайати ҳамроҳ , бо сипосгузорӣ аз эҳсосоти бародарона ва самимонаи оқои « Қайс Саид » нисбат ба ҳодисаи ахир гуфтанд : Ҳодисаи аз даст додани раисиҷумҳӯр ва ҷамъӣ аз масъӯлин ва ҳамроҳони онҳо , сангинаст , аммо дар тӯли даврони Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора мушоҳида кардаем ки бар асоси ҳикмати Илоҳӣ ва бо сабру пойдории мардум , ҳаводиси талх маншаи пешрафтҳо ва ҳаракатҳо шудаанд .

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ибрози масаррат аз шаклгирӣ таҷдиди матлаъ дар равобити Эрону Тунис ба далели сафари раиси ҷумҳӯри ин кишвар , афзӯданд : Ҳузури шахсияти фозилу донишгоҳӣ ҳамчун оқоӣи« Қайс Саид » дар раъси кишвари Тунис , як фурсате аст то ин кишвар баъд аз солҳо ҳокимияти истибдоди ва қатъи робита бо дунёии ислом , чеҳраи ҷадид ва хӯбиро аз худ ба намоиши бигузорад .

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ бо ишора ба ҳаракати чанд сол қабл мардуми Тунис ки заминасози як ҳаракати бузург дар шимол Африқо шуд , хотир нишон карданд : Миллати Тунис истеъдоди зиёдӣ барои пешрафту ҳаракати рӯ ба ҷилав доранд ва умедворем ки бо тадбири оқои « Қайс Саид » ваҳдати лозими миёни гароишҳои мухталиф дар Тунис ба вуҷӯд биёяду заминаи пешрафти бештар фароҳам шавад .

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба мавозиъи зидди саҳюнистии раисиҷумҳӯри Тунис таъкид карданд : Ингӯна мавозиъ бояд дар дунёӣ араб тавсеа ёбад зеро муттаассифона дар дунёии араб ба ин гӯна масоил иҳтимом варзида намешавад ва мо муътақидем танҳо роҳи муваффақият , истиқомат ва пойдорӣ аст .

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ бо ишора ба зарфиятҳои хуби Эрону Тунис барои густариш равобит гуфтанд : Давлати раисиҷумҳӯри фақиди мо , давлати кору таҳарруку иртибот буд ва акнӯн низ оқои Доктори Мухбир бо ихтиёроти комиле, ки дар ихтиёр доранд ҳамон масирро барои тавсеаи равобит идома хоҳанд дод .

Ишон изҳор умедворӣ карданд , ҳамдилиҳо ва ҳамзабониҳои кунунии миёни ду кишвар ба ҳамкориҳои майдонӣ табдил шавад .

Дар ин дидор оқоо « Қайс Саид » раисиҷумҳӯри Тунис бо ибрози таслияти қалбӣ ва холисонаи давлату миллати Тунис ба иллати ҳодисаи талхи ахир , гуфт : Охирин дидори мо бо раисиҷумҳӯри фақиди Эрон , чанде пеш дар Алҷазоир буд ва дар ҳамон ҷо тавофуқ кардем ки ман ба Теҳрон биёям аммо ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам ки барои ибрози таслияти фавти эшон ба Теҳрон биёям .

Раисиҷумҳӯри Тунис бо ишора ба иродаи муштараки ду кишвар барои густариши равобит дар ҳамаи заминаҳо изҳор умедворӣ кард ки бо пайгирии тавофуқҳо , густариши ҳамкориҳо ба сӯрати амалӣ таҳаққуқ ёбад .Оқои « Қайс Саид » ҳамчунин бо ишора ба шароити минтақа ва куштори мардуми Ғазза ба дасти режими саҳюнистӣ таъкид кард : Дунёи Ислом бояд аз мавзеи инфеъолии кунунӣ хориҷ шавад ва бо ҳам садоӣ ба дунболи эҳқоқи ҳаққи мардуми Фаластин дар ҳамаи сарзаминҳои фаластинӣ ва ташкили давлати мустақил ба пойтахти Қудс шариф бошад .

Вай хотирнишон кард : Имрӯзи ҷомеъаи инсонӣ дар ҷаҳон аз ҷомеъаи байналмилалӣ пешӣ гирифта ва ҷомеъаи инсонӣ дар кишварҳои мухталифи иксадо дар муқобили зулму ҷиноят дар Ғазза , ба майдон омадааст. 

Барчасп