Май 23, 2024 20:41 Asia/Dushanbe
  • Тафсир. Идомаи истеъфои мақомоти низомиву амниятии Исроил ҳамзамон бо эътироф ба шикаст дар ҷанги Ғазза

Ҳамзамон бо идомаи нокомиҳои режими саҳюнистӣ дар ҷанг алайҳи Ғазза, раванди истеъфои мақомоти низомиву амниятии ин режим низ идома дорад.

Идомаи нокомии режими саҳюнистӣ дар ҳаштумин моҳи ҷанг алайҳи Ғазза бо эътирофи мақомоти ин режим ҳамроҳ шуд. Генерал Ҳертзи Ҳалеви, раиси Ситоди муштараки артиши Исроил рӯзи сешанбе эътироф кард, ки неруҳои муқовимати Фаластин бо ҳадафи дифоъ аз худ, ба муддати чанд сол туннелҳое ҳафр кардаанд, ки дар як моҳ наметавон ин туннелҳоро аз байн бурд.

Ин изҳороти раиси Ситоди артиши Исроил дар ҳолест, ки пас аз шикастҳои паёпайи низомиёни саҳюнист дар ҷанги Ғазза аз неруҳои муқовимати Фаластин, як масъули дигари исроилӣ низ ба тозагӣ изъон кард, ки ҷунбиши Ҳамос ҳазф шуданӣ нест. Рӯзномаи саҳюнистии «Маорив» ба нақл аз ин масъули исроилӣ гузориш дод, давлати Амрико ҳам ба ин воқеият расидааст, ки Ҳамос пас аз ҷанги Ғазза аз байн нахоҳад рафт.

Дар ҳамин ҳол, Ром бен Барак, узв Кнессет (порлумон)-и ин режим, ки муовини собиқи раиси Моссад будааст, ҳам ба радиои Исроил гуфт, ки «ин ҷанг беҳадаф аст ва бидуни ҳеҷ шакку тардиде дар он шикаст хоҳем хӯрд».

Нуктаи муҳими дигар ин ки ҳамзамон бо пай бурдани саҳюнистҳо ба қатъӣ будани шикасти онҳо дар ҷанг алайҳи Ғазза, бархе аз мақомоти амниятиву низомии ин режим аз симати худ истеъфо доданд. Дар идомаи мавҷи истеъфои мақомҳои аршади амниятиву низомии режими саҳюнистӣ дар пайи амалиёти “Тӯфоналақсо” ва муҳаққақ нашудани аҳдофи ҷанги Ғазза, раиси сиёсатҳои дифоӣ ва барномарезии роҳбурдӣ дар Шӯрои амнияти дохилии ин режим низ канорагирӣ кард. Вай ҳафтаи гузашта гузорише 10 сафҳаӣ ба мушовири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ ироа карда ва дар он шеваи мудирияти амалиёт дар Ғаззаро нотавон аз расидан ба аҳдофаш тавсиф кард. Дар ин санад, ки тавассути рӯзномаи «Ҳааретс» ва шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш шуд, Ҳиму ҳушдор дод, ки агар мудирияти ҷанг тағйир накунад, Ҳамос ба таври комил шикаст нахоҳад хӯрд, талош барои бозгардондани асирон мумкин аст солҳо ба тӯл анҷомаду Исроил чорае ҷуз таҳмили ҳукумати низомӣ бар Ғазза нахоҳад дошт. Вай дар ин гузориш навишт: «Метавонем бо ҳамин рӯйкарду амалиёт дар Рафаҳ идома диҳем, аммо дар ниҳоят ба ҳамон мушкилот бармегардем, ки ҳатто мумкин аст бадтар ҳам бошад. Шикаст додани Ҳамос бо рӯйкарди феълӣ фосилаи зиёде бо такмил шудан дорад ва ман шак дорам, ки аслан анҷом шавад».

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин Яҳудо Фокс, фармондеҳи марказии артиши режими саҳюнистӣ ба Ҳертзи Ҳалеви, раиси Ситоди муштараки артиши ин режим эълом кардааст, ки бо оғози моҳи август даст аз кор хоҳад кашид. Дар ҳамин ҳол, Аҳорун Ҳолиё, раиси Сервиси иттилооти низомии артиши режими саҳюнистӣ низ ба далели нокомӣ дар баробари амалиёти ҳафтуми октябри муқовимати Фаластин ва ҳамчунин паёмадҳои ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ, аз симати худ истеъфо дода буд. Албатта, ки сатҳу густараи истеъфои мақомҳои низомиву иттилоотии режими ишғолгари Қудс ба маротиб густардатар аз ин ҳарфҳост. Бо ин ҳол то кунун сирфан мавориди мазкур ба берун дарз карда ва интизор меравад, ки ин раванд ҳамчунон идомадор бошад.

 

Барчасп