Июн 16, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Пажуҳиш дар заминаи тасири наслкуши бар инсон сабаби ихроҷи устоди амрикоӣ шуд
    Пажуҳиш дар заминаи тасири наслкуши бар инсон сабаби ихроҷи устоди амрикоӣ шуд

Яке аз устодони донишгоҳи "DePaul" дар иёлати Чикагои Амрико ба далели ироаи пешниҳоди як таклифи ихтиёри ба донишҷуёнаш дар мавриди ҷанги Ғазза, ихроҷ шуд.

Хонуми Anne D'aquino аз моҳи гузашта аз тадрис дар бахши улуми беҳдоштии ин донишгоҳ манъ шудааст. Ба гузориши порси туде ба нақл аз сони таймс Энн Дакино моҳи гузашта як таклифи ихтиёри ироа кард ва аз донишҷуён хост ки таъсири наслкуши дар Ғаззаро бар саломати инсон ва зист шиносии арзёби кунанд.

Энн Дакино чанд рузи пеш дар як конфаронси хабари барои нахустинбор ба сурати ошкоро ба ин масъала ишора карду гуфт: Ихроҷи ман нақзи озодии академик ва намунаи дигари аз талошҳои ин давлат барои табдили ҳаргунаи баҳс дар бораи Фаластин ба иддаоҳои дуруғини яҳудиситези аст.

Барои ҳимоят аз ин устод, ҳудуди 50 нафар дар атрофи донишгоҳи "DePaul" таҷаммуъ карданд. Онҳо парчамҳои Фаластинро ба эҳтизоз дароварданд ва таблуҳое дар даст доштанд ки руи он навишта шуда буд: Озодии академики шомили Фаластин ҳам мешавад.

Дар ҳамин ҳол, донишҷуён тумориро ба дафтари идори дар сохтимони улумии донишгоҳ "DePaul" таҳвил доданд ва хостори бозгашти хонум Энн Дакино шуданд.

Нусхаи чоппии ин тумор токунун беш аз 1500 имзо дарёфт кардааст. Энн Дакино ҳудуди сеҳафтаи пеши дархости таҷдидиназар дод ки ҳануз посухи мушаххаси аз суи масъулони донишгоҳ дарёфт накарда аст.

Бар асоси охирин гузоришҳо аз оғози даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза 7 октябри 2023 токунун афзун бар 37 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 85 ҳазор нафар низ маҷруҳ шудаанд.

Барчасп