Июн 23, 2024 13:17 Asia/Dushanbe
  • Боздиди афсарону сарбозони гвардияи миллӣ аз музеии миллии Тоҷикистон ба муносибати рузи ваҳдати миллӣ
    Боздиди афсарону сарбозони гвардияи миллӣ аз музеии миллии Тоҷикистон ба муносибати рузи ваҳдати миллӣ

Афсарону сарбозони гвардияи миллӣ ба муносибати рузи ваҳдати миллии Тоҷикистон аз осорхонаи миллӣ боздид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар беш аз 50 нафар афсару сарбози яке аз қисмҳои   ҳарбии гвардияи миллӣ   ба  тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон омада, дар ин ҷо нахуст  бо гушаи доимоамалкунанда бахшида ба  Ваҳдати миллӣ  шинос шуданд.

Осорхонаи миллӣ ҳамчун осорхонаи марказӣ як сабақгоҳ ва ганҷинаи мероси таърихию фарҳангӣ аст.  Дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дар радифи дигар мавзуъҳо,  гӯшаи доимоамалкунанда бахшида ба Ваҳдати миллӣ ороста шудааст. Дар он нигораҳо ва аксҳои гуногуни инъикоскунандаи давраҳои музокирот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта  шудаанд. Хусусан, аксҳои гуногун аз рафти музокирот дар мамлакатҳои Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардида, пешниҳод шудаанд.

Барои  ҳайати афсарону сарбозон сайрҳои осорхонавӣ  ташкил гардида, онҳо дар  толорҳои намоишӣ бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон аз наздик шинос гардиданд.

 

Барчасп