Нигаронии Амрико аз нокоромдии "гунбади оҳанини" Исроил
(last modified Sun, 23 Jun 2024 09:17:11 GMT )
Июн 23, 2024 14:17 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Амрико аз нокоромдии \
    Нигаронии Амрико аз нокоромдии \"гунбади оҳанини\" Исроил

Порс туде-манобеи амрикоӣ гузориш доданд, Вашингтон аз эҳтимол беасар шудани сомонаи дифои ҳавои режими саҳюнистии мавсум ба "гунбади оҳанин" дар баробари ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон, эҳсоси нигарони мекунад.

Шабака Си Эн Эн ба нақл аз се масъули амрикоӣ эълом кард, бархе мақомоти Вашингтон ба таври ҷадди аз ин масаъла нигаронанд ки дар сурати вуқуъи ҷанги ҳамаҷониба миёни режими саҳюнистӣ ва Лубнон, Ҳизбуллоҳ битавонад бар падофанди ҳавои ин режим дар шимоли Фаластини ишғолӣ ба хусуси гунбади оҳанин чира шавад.

Ба гузориши Порс туде ин нигаронӣ аз суи мақомоти режими саҳюнистӣ низ вуҷуд дорад; зеро гунбади оҳанин дар тирраси зарродхонаи азими мушакии Ҳизбуллоҳ ва паҳподҳои он қарор дорад.

Сайидҳасан Насруллоҳ дабирикули Ҳизбуллоҳи Лубнон, рӯзи чаҳоршанбе бо таъкид бар фурупошии ваҷҳаи боздорандагии режими саҳюнистӣ тасреҳ кард Ҳизбуллоҳ токунун танҳо бо бахши кучаки аз тавоноиҳои низомиаш ҷангида ва ба силаҳҳои ҷадидии муҷаҳҳаз шуд ки дар майдон нишон хоҳад дод.

Гунбади оҳанӣн, сомонаи дифои ҳавои режими саҳюнистӣ тайи рузҳои гузаштаи борҳои мавриди ҳамлаи муваффақиятомези Ҳизбуллоҳи Лубнони қарор гирифта аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизбуллоҳи Лубнони рузи сешанбеи видеои таҳти унвон он чи ҳудҳуд оварадро мунташир кард ки шомили иттилооти ҳавоӣ аз мавозиъи режими саҳюнистӣ дар дохили Фаластини ишғолӣ, системаҳои дифои ҳавоӣ аз ҷумлаи сомонаҳои гунбади оҳанӣн, пойгоҳҳои неруии дарёӣ ва халиҷи Ҳайфо аст.

Режими саҳюнистӣ аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаи ҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаи ҷадидиро дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии зиди мардум бедифоу мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст. Дар муқобил, муқовимати Фаластин дар Ғазза ва дигари гуруҳҳои муқовимат дар Лубнон, Ироқ, Яман ва Сурия эълом кардаанд ки товони ин ҷиноётро аз режим ишғолгар хоҳанд гирифт .

Бар асоси охирин гузоришҳо аз оғози даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза 7 октябри 2023 токунун афзун бар 37 ҳазор фаластинии шаҳид ва беш аз 85 ҳазор нафар низ маҷруҳ шудаанд.

Шокалаи режими Исроил аз соли 1917 бо тарроҳии истеъмори Англис ва аз тариқи муҳоҷиратдодани яҳудёни кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниҳо эҷод ва дар соли 1948 мавҷудияти он эълом шуд. Аз он замони тарҳҳои куштори ҷамъии мухталифи барои наслкушии мардуми Фаластин ва тасоҳуби тамоми сарзамини онҳо анҷом шуда аст.