Июн 15, 2024 12:00 Asia/Dushanbe
  • Паёми Испания ба тамоми кишварҳои аврупоӣ: Кишвари мустақили Фаластинро ба расмият бишносед

Нахуствазири Испания аз ҳама кишварҳои аврупоӣ хост кишвари мустақили Фаластинро ба расмият бишносанд.

Ба гузориши Порстудей, Педро Санчес -нахуствазири Испания рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Раҷаб Тайиб Ардуғон-раисҷумҳури Туркия дар Мадрид бо таъкид бар лузуми ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин аз сӯи кишварҳои аврупоӣ, аз талошҳои Испания барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза хабар дод.

 Дар ин нишасти хабарӣ Ардуғон низ тасмими Испания дар ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластинро муҳим тавсиф кард.

 Испания охирҳои моҳи май дар ҳамоҳангӣ бо Норвегия ва Ирландия, кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохт; иқдоме, ки хашми саҳюнистҳоро барангехт.

 Бар асоси охирин гузоришҳо аз оғози даври нави ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар 7 октябри 2023 то кунун афзун бар 37 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 85 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

 

Барчасп