Ҳамоиши фарҳангии шеъри Тоҷикистон дар Берлин баргузор шуд
Бо ибтикори сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин бо ҳамкории Бунёди фарҳангии шаҳри Берлин ҳамоиши фарҳангии шеъри Тоҷикистон баргузор шуд, ки нависандагон, шарқшиносон ва алоқамандон ба забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар он ширкат карданд.
Ба гузориши Ховар, дар ин конфронс Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон назари худро дар хусуси ибтикороти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ҷумҳури Тоҷикистон дар робита бо фарҳанг ва арзишҳои миллӣ баён кард.
Шарқшиноси машҳури олмонӣ, профессор Удо Штайнбах, ки солҳо (1976-2006) раёсати Муассисаи шарқшиноси Олмонро бар ӯҳда дошт, гузориши ҷомеъ аз нақш ва ҷойгоҳи шеъри тоҷик аз замони Рӯдакӣ то асри ҳозир ироа кард.
Удо Штайнбах аз интишори китоби тарҷумаи ашъори шоирони муосири тоҷик ва порсӣ бо унвони “Ғазалиёти форсӣ дар қарни бисту якум” дар соли 2021 ёд кард.
Сипас намунаҳое аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ба забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ иҷро шуд.