Эътирофи Байден ба куштори ҳазорон кӯдаки фаластинӣ дар ҳамлаи Исроил
(last modified Tue, 18 Jun 2024 06:42:45 GMT )
Июн 18, 2024 11:42 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Байден ба куштори ҳазорон кӯдаки фаластинӣ дар ҳамлаи Исроил

Раисҷумҳури Амрико дар паёми табрики фиребкоронаи худ ба муносибати фаро расидани Иди саиди Қурбон бидуни ишора ба кумакҳои низомии Вашингтон ба режими саҳюнистӣ ба куштори ҳазорон нафар аз кӯдакони бегуноҳ дар борикаи Ғазза эътироф кард

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои харосн ба нақл аз Алҷазира, Ҷо Байден - раисҷумҳури Амрико дар ин паёми табрики худ бо чашмпушӣ аз нақш ва мушорикати Вашингтон дар ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза, эътироф кард: Шумори бисёр зиёде аз фаластиниёни бегуноҳ аз ҷумла ҳазорон кӯдак кушта шуданд ва хонаводаҳо хонаҳои худро тарк карданд ва хонаи онҳо вайрон шуд.

 Раисҷумҳури Амрико, ки ба далели ҳимоятҳояш аз режими саҳюнистӣ дар ҷанги кунунии Ғазза дар дохил ва хориҷ аз Амрико таҳти фишори ниҳодҳои байналмилалӣ ва афкори умумии ҷаҳонӣ аст, дар идомаи ин паёми худ, муддаӣ шуд, ки пешниҳоди оташбасе, ки Исроил ба Ҳамос ироа кард, беҳтарин роҳ барои поён додан ба хушунат ва ҷанг аст.

 Рӯзномаи амрикоии Вашингтон Пост (wp) дар гузорише бо истинод ба гуфтаҳои мақомоти Пентагон ва Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард, ки давлати Байден ахиран ирсоли маҳмулаҳои таслиҳотии нав ба Исроилро таъйид кардааст.

 Паёми Байден ба муносибати Иди Қурбон ва ишора ба ҷанги Ғазза бахше аз корзори интихоботии вай барои пирӯзӣ дар интихоботи соли ҷории мелодӣ аст. Байден барои пирӯзӣ дар интихобот ба орои мусулмонон ба вежа дар Мишиган ниёзманд аст.