Даргирии марзбонони Эрон бо гурӯҳаки террористӣ дар марзҳои ҷануби шарқ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115328-Даргирии_марзбонони_Эрон_бо_гурӯҳаки_террористӣ_дар_марзҳои_ҷануби_шарқ
Фармондеҳи марзбонии Неруи интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳалокати ду террорист ва захмӣ шудани теъдоде дар даргирии мусаллаҳонаи марзбонони Эрон бо гурӯҳаки террористӣ дар ҷануби шарқи кишвар хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 19, 2024 15:05 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳии марзбонии Неруи интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон
    Фармондеҳии марзбонии Неруи интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон

Фармондеҳи марзбонии Неруи интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳалокати ду террорист ва захмӣ шудани теъдоде дар даргирии мусаллаҳонаи марзбонони Эрон бо гурӯҳаки террористӣ дар ҷануби шарқи кишвар хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, сардори сартип Аҳмадалии Гӯдарзӣ, фармондеҳи марзбонии Неруи интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе афзуд, аъзои гурӯҳаки террористӣ ба манзури иқдомоти харобкорона қасди вуруд ба кишвар аз тариқи марзҳои ҷануби шарқии кишварро доштанд, ки бо ҳушёриву дирояти марзбонони интизомӣ дар расидан ба аҳдофи шуми худ ноком монданд.

Фармондеҳи марзбонии Неруи интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, аз ин гурӯҳаки террористӣ миқдори қобили таваҷҷуҳе маводи мунфаҷира кашф шуд.