Пешӣ гирифтани рушди иқтисодии Эрон аз кишварҳои минтақа
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115370
Вазири кишвар(дохила)и Эрон гуфт, бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ рушди иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба беш аз чаҳору ним дарсад расида, ки аз тамоми кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бештар аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 20, 2024 18:56 Asia/Dushanbe

Вазири кишвар(дохила)и Эрон гуфт, бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ рушди иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба беш аз чаҳору ним дарсад расида, ки аз тамоми кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бештар аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Аҳмад Ваҳидӣ-вазири кишвари Эрон афзуд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба зарфиятҳои дохилӣ ва такия ба ҷавонон ва мутахассисони дохилӣ дар давлати сездаҳум ба рушди иқтисодии кишвар дар ҳамаи бахшҳо шудааст.