Июн 15, 2024 15:03 Asia/Dushanbe
  •    Раиси Думаи Русия: Пули миллии Амрико «заҳрнок» аст; БРИКС долларро канор мегузорад

Раис Думаи давлатии федератсияи Русия бо баёни инки пули миллии Амрико «заҳрнок» аст, таъкид кард: Натанҳо Русия, балки дигар кишварҳо аз ҷумла кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС низ долларро канор мегузоранд.

Ба гузориши Машриқ, Вячеслав Володин рӯзи ҷумъа дар канали телеграмии худ навишт: Дуздии захираҳои тилло ва арз ва маҳдудиятҳои эҷодшуда дар пардохтҳо бояд дигар кишварҳоро ба андешидан дар бораи қобилияти итминони захираи пулҳои миллӣ ба доллар тарғиб кунад.

 Вай мӯътақид аст: Кишварҳои ҷаҳон пеш аз ин мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки мақомҳои Амрико аз пули миллии худ ба унвони абзори фишори сиёсӣ бар дигар кишварҳо истифода мекунанд.

 Володин дар вокуниш ба таҳримҳои Вашингтон алайҳи Маскав афзуд: Амрико бо таҳримҳо алайҳи муассисоти молии Русия, эътимод ба долларро ба унвони як арзи захираи ҷаҳонӣ тазъиф кардааст.

 Вай хотирнишон кард, ки ин маҳдудиятҳо,асари мавриди назарро барои Иёлоти муттаҳида нахоҳад дошт.

 Раисҷумҳури Русия пеш аз ин дар суханоне дар маҷмаъи умумии бисту ҳафтумин маҷмаъи байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ёдовар шуд: Амрико 54.3 триллион доллар ба иқтисод ҷаҳонӣ қарздор аст.

Вай афзуд: Амрико аз мавқеияти инҳисории худ дар бозори молии ҷаҳонӣ суистифода мекунад.

 Путин хотирнишон кард: Имрӯз ҳеҷ тазмини дигаре барои эътимод ба иқтисоди Амрико вуҷуд надорад.

 Вазирони умури хориҷаи гурӯҳи БРИКС дар поёни нишасти худ дар Русия бар аҳамияти долларзудоӣ ва густариш истифода аз пули миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ ва молии байни кишварҳои узв таъкид карданд.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Чин, Бразилия, Ҳинд, Африқои ҷанубӣ, Миср, Эфиопия, Арабистони саудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабӣ 10 узви гурӯҳи иқтисодҳои навзҳур мавсум ба БРИКС-ро ташкил медиҳанд.

 

Барчасп