Июн 16, 2024 12:47 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Ифшогарии Ню-Йорк таймс дар бораи тавофуқномаи сулҳи Украина дар соли 2022
    Тафсир: Ифшогарии Ню-Йорк таймс дар бораи тавофуқномаи сулҳи Украина дар соли 2022

Ню-Йорк таймс мегуяд пешнависи тавофуқномаи сулҳи Украинаро ба даст овард ки дар музокироти ду соли пеш навишта шуда, аммо ҳаргиз ба марҳалаи имзои тарафайн нарасида аст.

Рузномаи Ню-Йорк Таймс маҷмуъае аз аснодеро мунташир карда ва мегуяд ин аснод марбут ба тавофуқномаи сулҳ Украина аст ки соли 2022 дар ҷараёни музокироти Туркия навишта шуд, аммо ҳаргиз имзо нашуд.

Ба гузориши Спутник, пеш навис муоҳидаи сулҳи Украиниа марбут ба таърихи 17 март ва 15 аврели  соли 2022 аст ва зоҳиран аз тариқи манобеи русӣ, украинӣ ва аврупоӣ дар ихтиёри ин рузнома қарор гирифта аст. Ин тавофуқ бо миёнҷигарии Туркияи тайи чанд ҳафтаи музокира танзим шуда буд, аммо пас аз он ки Буруис Ҷансон, нахусти вазири вақти Англис мутаъаҳҳид шуд таслиҳоти сангини аз кишварҳои узви НАТО ба Украин ироа кунад, ки аз ин тавофуқ хориҷ шуд ва фурсатҳои мавҷуд дар онро аз даст дод.

Дар тавофуқнома зикр шуд ки пас аз тавофуқи сулҳи Украина муҷоз ба анҷоми размоишҳои низомӣ бо ҳузури неруҳои мусаллаҳ хориҷӣ нахоҳад буд магари он ки зоминҳои амният ва бетарафии ин кишвар онро таъйид кунанд. Тибқи тавофуқи кишварҳои Англис, Чин, Русия, Амрико ва Фаронса зоминҳои бетарафии Украина будаанд. Зоминҳо ҳамчунин мутаъаҳҳид шуданд ки бо Украина эътилофи низомӣ ташкил надиҳанд дар умури дохилии ин кишвар мудохила накунанд ва дар хоки ин кишвари неру мустақар накунанд.

Бар асоси ин қарордод тамоми таҳримҳо ва мамнуъиятҳои мутақобили байни Русия ва Украина бардошта мешуд ва ҳамчунин маҳдудиятҳои бар теъдоди персонели низомӣ ва таҷҳизоти ҷангӣ ки эъмол мешуд .

Пас аз оғози ҷанги Украина ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар чандин даври музокирот барои барқарории оташбас ширкат карданд. Дейвид Орохомё музокиракунанда аршади украинӣ ки дар ин музокирот ҳузур дошт, ноябри соли гузаштаи милодӣ фош кард ки Буриси Ҷансон, нахусти вазири вақти Англиси сабаб шуд Украина дар охирин лаҳза ин муоҳидаро имзо накунад ками баъд Андреии Келин сафири Русия дар Англис гуфт ки талошҳо барои дастёби ба тавофуқи сулҳи байни Русия ва Украин агарчи тавассути Ҷонсон хунсо шуд, аммо дар асл ба дастури Амрико сурат гирифта аст.

Барчасп