Ҳушдори иттиҳодияи Аврупо дар бораи шароити буҳронии Ғазза
Масъӯли сиёсати хориҷӣ ва комиссари мудирияти буҳрони иттиҳодияи Аврупо , бо судури баёнияи муштарак дар остониа баргузории нишасти Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи иттиҳодия ҳушдор доданд , буҳрон дар Ғазза ношӣ аз ҳамалоти Исроил ба нуқтаи авҷ расидааст .
Ба гузориши Ирно , «Ҷопес Боррелл » Josep Borrell ва « Ҷанез Ланорчич » Janez Lenarčič бидуни ишора ба режими саҳюнистӣ ба унвони омили ҷиноёти зидди инсонӣ дар борикаи Ғазза дар ин баёния эълом карданд : Ироаи ҳаргуна кумаки инсон дӯстонаи маънодор дар дохили Ғазза тақрибани ғайримумкин шудааст ва сохтори ҷомеъаи маданӣ дар ин минтақа дар ҳоли фурӯпошӣ аст . Ғайринизомиёни гурусна барои дастрасӣ ба кумакҳои маҳдӯде, ки ба дохили Ғазза мерасад ба иқдомоти ноумедонаи мутавассил шудаанд .
Ин баёния меафзояд : Шуракои мо ба далели тадовуми амалиёти низомӣ ва фиқдони ҳокимияти қонӯн дар Борикаи Ғазза , маҷбур ба фаъолият дар як муҳити ноамн ҳастанд ва “ максҳои тактики “ боиси беҳбуди амнияти муҳит барои фаъолони башардӯстона нашудааст . Борреллва Ланорчич ёдовар шуданд : Кумакҳои башардӯстона дар марзҳои Мисру Урдун анбошта шудааст . Бархе аз ин кумакҳо , монанди маводи ғизоӣ , фосид шуданӣ ҳастанд ва дар маърази хатари ҳадар рафтан ҳастанд . Ин як зарбаи муҳим ба талошҳои башардӯстонаи мо ва кули ҷомеъаи байналмилалӣ аст ва илова бар он зарари моддӣ ва молӣ ба буҷети иттиҳодия Аврупо аст .
Дар поёни ин баёния тасреҳ шудааст : Ирсоли кумак , бидуни дастрасӣ ба дохили Ғазза беҳуда аст . Мо хостори оташбаси фаврӣ , озодии беқайду шарти гаравгонҳо ( усаро ) , ҳифозат аз ғайринизомиён аз ҷумла коркунони фаъол дар ҳавзаи башардӯстона ва иқдоми ҳамоҳанг барои тасҳили ирсоли кумакҳои наҷотбахш ба мардум Ғазза ҳастем.
Аз ҳафтуми октябри 2023 ки режими саҳюнистии ҳамалоти вайронгари зидди Ғаззаро бо ҳимояти Амрико оғоз кард , даҳҳо ҳазор фаластинӣ ки бештарашони зан ва кӯдак буданд , дар ин ҳамалоти шаҳид ва захмӣ шуданд ва зерсохтҳои Борикаи Ғазза ба шакли густардае вайрон шуда ва фоҷеъаи инсонии бесобиқае дар ин минтақа ба вуҷӯд омадааст .