Сен-Хуа: Шаҳид Раисӣ то ҳадде таъсири таҳримҳои Амрикоро беасар кард
Хабаргузории давлатии Сен-Хуа дар гузорише бо ишора ба инки Теҳрон дарвозаҳои ҷадиде барои дипломосӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон гушӯдааст, таъкид кард, ки шаҳид, оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ то ҳадде таъсироти манфии хурӯҷи Амрико аз Барҷом ва таҳримҳои шадид Вашингтонро беасар кард.
Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, ин хабаргузорӣ ҳамзамон бо фаро расидани айёми интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, пас аз шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ, навишт:Аз замони рӯйи кор омадани раисҷумҳури фақиди Эрон дар соли 1400, дарвозаи ҷадиде барои дипломосӣ бо кишварҳои мухталиф гушӯда шуд.
Ин расонаи чинӣ бо ишора ба азсаргирии равобити сиёсӣ байни Эрон ва Арабистон, афзуд: Теҳрон ҳамчунин равобити худро бо кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс ба таври қобили таваҷҷуҳе густариш дод.
Сен-Хуа идома дод: Оятуллоҳ Раисӣ ҷойгоҳи геополотикӣ ва амнияти Эронро ба таври қобили таваҷҷуҳе беҳбуд бахшид ва фазои хориҷии беҳтареро барои тавсеаи ин кишвар эҷод кард.
Ин расонаи давлатии чинӣ бо ишора ба инки дар давраи шаҳид Раисӣ равобити Эрон бо кишварҳои бузурги хориҷӣ аз ҷумла Чин ва Русия густариш ёфт, таъкид кард: Ин таҳаввулоти мусбат то ҳадде таъсироти манфии хурӯҷи Амрико аз Барҷом ва таҳримҳои шадиди Вашингтонро хунсо кард.
Вей Лёнг-коршиноси Эрон дар Маркази «Мутолиоти ғарби Осиё ва шимоли Африқо»-и Академияи улуми иҷтимоии Чин бо табйини чолишҳои пеши рӯйи Эрон, изофа кард: Теҳрон ба шаклдиҳии муҳити дипломатии перомуни оромиш ва оштӣ идома медиҳад.
Шаҳид оятуллоҳ, Раисӣ, ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки асри якшанбе 30 урдибиҳишт дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди Қиз-қалъаси ба самти шаҳри Табриз, дар минтақаи Варзқони устони Озарбойҷони шарқи дучори сониҳаи ҳавоӣ шуда буд, ба ҳамроҳ тамоми ҳамроҳон, ҳамзамон бо шаби валодати Имом Ризо (а) ба мақоми рафеъи шаҳодат ноил шуд.