Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба Пентогун меравад
(last modified Sun, 16 Jun 2024 07:00:31 GMT )
Июн 16, 2024 12:00 Asia/Dushanbe
  • Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба Пентогун меравад
    Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба Пентогун меравад

Амрико аз вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дархост кард ки барои гуфтугу пайромуни таҳаввулоти амниятӣ дар ғарби Осиё дар маркази фармондиҳии Вазорати дифои ин кишвар ҳузур ёбад.

Ба гузориши Алҷазира таърих ин нишаст ҳануз мушаххас нест, аммо гуфта шуд ки дар он қарораст таҳаввулоти амниятии ҷорӣ дар ховаримиёна мавриди баҳсу гуфтугу қарор гирад.

Гуфта шуд пеш аз ин ва дар рузи сешанбеи вазири дифои Амрико ва вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар хусуси танишҳо дар шимоли Фаластин ишғолӣ гуфтугу карда буданд. Голонт ки ба далели ташдиди танишҳо дар марзҳои шимолии сарзаминҳои ишғолӣ таҳти фишори қарори гирифт, пештар тарҳи коҳиши таниши пешниҳодиро ки аз суи Фаронса ироа шуда буд напазируфт ва Порисро ба душманӣ бо режим Исроил муттаҳам кард.

Гуфтани аст Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба террори фармондиҳи аршади худ дар шаҳраки Ҷуё ва захми шудани чанд ғайринизомии дигар аз рузи чаҳоршанбе ба дафъот ҳамалотиро зидди мавозиъи режими саҳюнистӣ анҷом додааст. Ҳамлаи рузи чаҳоршанбеи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба режими саҳюнистӣ ки тайи он беш аз 150 партоб ба самти сарзаминҳои ишғолӣ ҳидоят шуд, бузургтарин ҳамлаи ин ҷунбиш аз замони оғози ҷанги Ғазза тавсиф шуда аст.