Июн 15, 2024 12:29 Asia/Dushanbe
  • Путин шумори сарбозони рус дар ҷанги Украинаро фош кард

Путин гуфт, ҳудуди 700 ҳазор сарбози рус дар ҷанги кунунӣ миёни Маскав ва Киев даргир ҳастанд. Ин теъдод аз тахмини қаблии вай дар декабри 2023 тақрибан 100 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Владимир Путин-раисҷумҳури Русия ҳамчунин бароварди худро дар дидор бо кӯҳнасарбозони ҷанги Украина, ки дар як барномаи омӯзишии тахассусии таҳти ҳимояти давлат сабти ном кардаанд, баён кард.

 Путин хитоб ба ин неруҳои собиқи кишвараш гуфт: «Мо ҳама шуморо дӯст дорем ва шуморо ҷузъе аз хонавода медонем.»

 Аввалҳои апрел Вазорати дифоъи Русия эълом кард беш аз 100 ҳазор шаҳрванди рус ба таври довталабона барои хидмати сарбозӣ аз ибтидои соли ҷорӣ сабти ном кардаанд. Маскав борҳо гуфтааст, ки артиши Русия аз ҷараёни пайвастаи неруҳои тозанафасе бархурдор аст, ки моил ба имзои қарордод бо Вазорати дифоъ ҳастанд.

 Ба гузориши шабакаи хабарии Раша тудей, Маскав ҳамчунин иддаоҳои Киев ва бархе расонаҳои ғарбӣ дар мавриди мавҷи басиҷи барномарезишударо рад кардааст.

 Аввалҳои моҳи апрел Владимир Зеленский-раисҷумҳури Украина эълом кард Русия дар ҳоли барномарезӣ барои басиҷи 300 ҳазор сарбози дигар то аввали июн аст. Димитрий Псков, сухангӯи Кремл аммо ин иддаоро рад кард ва гуфт ин гуфтаҳо «ҳақиқат надорад.»

 Дар моҳи май, рӯзномаи Файненшелтаймс  гузориш дода буд, ки мавҷи дувуми истихдоми анбӯҳ дар Русия «ногузир» авохири имсол хоҳад буд. Псков бори дигар ин иддаоро рад кард ва гуфт аз эҳтимол дур аст, ки рӯзномаи англисӣ «тасвири воқеӣ» аз вазъиятро дарк кунад.

 Русия дар сентябри 2022, ҳафт моҳ пас аз оғози ҷанг, басиҷи нисбиро анҷом дод. Ин раванд ба Маскав иҷоза дод 300 ҳазор нафар, ки умдатан касоне буданд, ки таҷрибаи низомии қаблӣ доштанд, ба хидмат фарохонда шаванд. Ба думболи он, истихдом бештар ба сурати довталабона анҷом шуд.

 Дар моҳи декабр, Путин эълом карда буд аз 617 ҳазор сарбозе, ки дар амалиёти низомӣ ширкат мекунанд, 244 ҳазор нафар дар минтақаи ҷангӣ касоне буданд, ки бо эъломи басиҷи нисбии Русия фарохонда шуданд.

 Вай афзуд: «Ҳудуди 41 ҳазор сарбозе, ки дар ҷараёни амалиёти басиҷи сентябри 2022 ба хидмат гирифта шуданд, пасонтар ба далелҳои пизишки ё пас аз расидан ба ҳаддиаксари син мураххас шуданд.»

 Дар ҳамин ҳол Украина дар авҷи як қатор шикастҳои низомӣ дар талош барои такмили радаҳои артиши худ аст. Дар моҳи апрел, Киев қонуни басиҷи ҷадиди неруҳоро тасвиб кард, ки синни сарбози иҷбориро аз 27 ба 25 сол коҳиш, ихтиёроти афсарони сарбозгириро афзоиш дод ва муҷозотҳои сахттреро барои сарбозони фирорӣ эълом кард.

 Дар моҳи май, қонуне низ тавассути Киев тасвиб шуд, ки ба бархе аз зиндониён иҷоза медиҳад ба далели пайвастан ба артиш, ба сурати шартнок озод шаванд. Аввалҳои июн, Путин тахмин зад, ки артиши Украина моҳона ҳадди ақал 50 ҳазор нафарро аз даст медиҳад.

 

Барчасп