Июн 15, 2024 12:54 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи зоирони Туркия аз Арабистон

Дар пайи шикояти Созмони диёнати Туркия, неруҳои амниятии Арабистон ба меҳмонхонаи маҳалли иқомати зоирони ин кишвар юриш бурда ва бо шикастани дару девори утоқҳо, теъдодеро боздошт ва аз Арабистон ихроҷ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Туркия аз боздошти шумори зиёде аз зоирони ҳаҷи ин кишвар дар Арабистони саудӣ хабар дод.

 Рӯзномаи Қарор-чопи Туркия дар гузорише оварда ин зоирон, ки теъдодашон ба 20-25 ҳазор нафар мерасад дар пайи шикояти Созмони диёнати Туркия боздошт ва пас аз даҳ ҳазор риёл (навад ҳазор лир) ҷарима, аз, Арабистони саудӣ ихроҷ шудаанд.

 Бино бар гузориши ин рӯзнома,Созмони диёнат аз ҳар довталаби маносики Ҳаҷ рақами муодили 6530-7580 доллар дарёфт ва бобати хадамоти Ҳаҷ суд мекунад, аммо ин афрод аз равишҳои ғайрмуқаррар аз ҷумла дарёфти раводид гардишгарӣ, тиҷорӣ ва ё бо истифода аз саҳмияи кишварҳои дигар ба маносики Ҳаҷ рафтаанд.

 

Барчасп